Главная / Гуногун / РОЗИ ЗИНДАГӢ

РОЗИ ЗИНДАГӢ

Рози зиндагӣ дар зистан аст.

Гёте

Дили Азаматро гургҳо дандон мезаданд. Вай хавотиромез ба атроф нигоҳ кард. Гўё тарсид, ки касе ўро назора мекунад. Чун боварӣ ҳосил кард, ки дунё тинҷ  асту касе ба ў кор надорад, чашм ба дари дўкон дўхт. Дари дўкон ҳоло ҳам баста буд. Кам-кам дилаш шўр афтод: «Ҳеҳ, сабил! Накунад имрўз наояд!» Интизорӣ тўл кашид. Дилаш танг шуд. Ва инак, тоқаташ тоқ, косаи сабраш лабрез гашт. Андаруни синааш қаҳру ғазаб ҷўш зад. Худ ба худ беқарорӣ ва ғур-ғур дошт. Нафси сабил ғолиб омаду ўро ба ин ҷо овард. Аслан нафс кайҳо ўро зин зада савор шуда.

fatimahЭҳ, зиндагӣ, зиндагӣ!.. Пур аз муаммо будааст зиндагӣ!.. Баъд аз таввалуди нахустфарзандаш ҳамсараш ҳар рўз ўро мехоид. Намемонд нафаси озод гирад. Қошу қавоқ мекард, ҷанҷол мебардошт. «Зиндагии аз маош то маош ба дилам зад» мегуфт. «Тоқат кун». «То кай ин ҳолро тоқат кунам. Косаи сабрам шикаст!» Азамат ба чеҳраи ҳамсараш ҳайратомез нигарист ва андаке бадҷаҳлона пурсид: «Охир чӣ кор кунам?» «Дигарон чӣ кор мекунанд?» «Дигарон?.. Дигарон пора мегиранд». «Ту ҳам гир». Азамат зиқ шуд. «Ин тавр нагў!» гуфт. «Чӣ, ту аз онҳо камӣ?!» «Ҳо-о! Кам нестам. Аммо…» Ба тани ў рашъа давид. Дар ранги рўяш тағироте пайдо гашт. Ҳамсараш таъна зад: «Ту то ҳамин дараҷа тарсу ҳастӣ?» Азамат садо бароварда натавонист. Сар ҷунбонд: «Не».

Ҳамсараш қабул накард. Қатъӣ гуфт: «Ман бо тарсу зиндагӣ намекунам». Як боди тез гулўйи ўро панҷа зад. Сипас вуҷудашро тарс фаро гирифт. Чанд рўзе дар оғўши ду тарс умр ба сар бурд. Он чанд рўз барояш дўзах буд. Ниҳоят ин тарс бар он тарс ғолиб омад. Ва ў кам-кам омўхт. Мушоҳида кард. Омўхту мушоҳида кард. Мушоҳида карду омўхт. Дар мағзи сар таҳлил намуд. Ниҳоят роҳашро ёфт. Як шоносаш ба гўшаш хонд. Қарз гирифт, пора дод. Дар соҳаи андоз худро ҷо кард. Фаҳмид, ки ҳатто моҳ бе айб нест. Айби соҳибкорон беҳисоб. Аз андак сиёсат чун буз меларзанд. Пулро бо ду дасти адаб бароварда медиҳанд. Як бор, ду бор гирифт. Шерак шуд. Боз гирифт… Бозу боз. Ва одат кард. Кам-кам беинсоф ҳам шуд. Нотарсона амал мекард. Худаш шоҳ буду табъаш вазир. Ҳамсараш хурсанд. Катаки мурғашонро фурўхта ҳавличае хариданд. Боре ҳамсараш гуфт: «Азизи дилам! Ҳамсоя ҳавлиашро мефурўхтааст. Онро мехарем. Ҳавлиро калон мекунем. Хонаи нав месозем, зиёфат дода, як кас-ним касро месўзонем». Азамат шод шуд. Нидо намуд: «Месўзонем!» Ин таклиф ба модараш ҳам писанд омад. «Дар бачаи ҳунармандам садқа!» Табассум дар рўяш гул кард. Дандонҳои тиллоияш ялаққос зад. Ин амал танҳо ба падараш маъқул наомад. Ўро нигарон намуд. Лаб ба насиҳат кушод. Ба кўрпа нигоҳ карда пойдароз кун, гуфтаанд. Агар не, зўри беҳуда миён шиканад. Азамат ба хашм омад: «Ба зиндагии ман дахолат накун!»

Азамат нигоҳ аз дари бастаи дўкон наканда ба ёд меовард: «Як ҳафта шуд, ки як тини пучак накандаам. Ҳисобот гуфта, намонданд, ки аз ҳуҷраам бароям. Хайрият, ки раис ба хориҷ рафту озод шудам».

Инак, «иллат биравад, одат наравад!» – гуфта ба ин ҷо омад. Дари дўкон баста. Чашм ба роҳи дўкондор дўхта истод. Дам ба дам мақоли «Одам ба умед, шайтон ноумед!»-ро ба забон меовард. Аммо аз дўкондор дарак нашуд. Азамат зиқ шуд. Ҷаҳл ҳам дошт. «Ҳаҳ сабил! Куҷо шуд ў? Ё фаҳмиду думашро хода кард? Не-е, аз дастам халос намехўрӣ. Ҳо-о! Рўзро ба назарат сиёҳ месозам. Ва ҳақамро меситонам! – баланд ба забон овард ў ва безобита шуд.

«Тиш-ш-ш! Оҳиста гап бизан! Девор муш дораду муш гўш!»

– О-ҳо-о! Азик-ку?!

Аз ин садо ў як қад парид. Дар рў ба рўяш ҳамкори собиқаш Собирро дид. Вай кайф дошт. Либосҳояш утинодида, гардолуду доғдор. Бекас ва нодор ки буд напоид, аз кор рондандаш. Бо арақ дўст шуд. Чун маст мешуд даст боло карда, дод мезад: «Худо дораму арақ!»

– О-о-о!.. Азик!.. Чӣ хелӣ?.. Созӣ?..

Собир хост ўро ба оғўш гирад. Азамат намонд, рўй турш карду ноилоҷ даст дод. Ва худро ноҷўр ҳис кард. Шарм дошт, суп-сурх шуд, арақ кард. Гумонаш ҳама одамон ба онҳо менигаранд.

– Дод назан, – гуфт бо зарда.

Ба асаби одамон расиданро дўст медошт.

– Мезанум! Чӣ хелӣ?.. Баҳ-баҳ! Рухсораҳоят анор ворӣ суп-сурх.

Дар як зум аз дили Азамат сад фикру хаёл гузашт. Воқеан, ин бархўрд фоли нек набуд.

– Назан, мегум!

– Мезанум!

– Э задан гир, – даст афшонд ў. – Ба ман чӣ. Даҳони худат дард мекунад.

– Бе «нимта!» ҷим намешинам.

Собир мувофиқи одаташ хеле лаққид.

– Ба ту чӣ шуд? – пурсид ў. – Ту хафа менамоӣ?

Азамат ҷавоб надод. Аслан хуши бо ў сўҳбат карданро надошт. Ўро чизи дигар азият медод: «Барои чӣ дўкондор нест? Мабодо, бемор шуда бошад? Дар куҷо бошад?

– Рафтем, – гуфт Собир. – «Нимта!» гир, ҳамроҳ менўшем.

– Не! – тунд гуфт Азамат. – Вақт надорам!

– Ту «ҳа»-ро гўё фаромўш кардӣ.

Нигоҳи Азамату Собир ба ҳам бархўрд. Ким-чи барои ҳарду як хел асрорангез вонамуд гардид. Азамат ба ў мағрурона нигоҳи истеҳзоомез кард.

– Афсўс ки?..

Собир абрувонашро чин кард.

– Ҳа, афсўс ки…

– Чаро меларзӣ?

– Аз тарс.

– Тарс? Аз тарси чӣ?

Собир чашмонашро аз чеҳраи гирифтаи Азамат барнадошт ва ташвишомез гуфт:

– Аз чашмони ту. Чашмонат беҷо.

– Ту аз боғ сухан мегўӣ ё аз роғ?

Собир ба ў тавре тараҳҳумомез нигаристу оҳиста посух дод:

– Ё ҳарду.

– Тавба-тавба…

– Ман туро намедонам? Хаёлат аз кору кирдорат бехабарам?

– Аз ҳад нагузар!

– Агар гузарам?

– Э рав-е, рав!

– Ҳой, Худоро ёд биёр ва аз қабрканҳо ҳушёр шав.

– Чӣӣӣ!!!

Собир калавид ва ғур-ғур кард. Сипас роҳ афтод. Ҳамин тавр зери лаб ғур-ғур мекарду мерафт.

Сўҳбати ду нафар ба гўшаш расид.

– Беморам чӣ бало. Тамоман ҳанг надорам. Мегўям сарамро набардорам.

– Не, ғам нахўр. Бемор нестӣ. Ин таъсири баҳор аст…

Бале, баҳор ҳукмрон буд. Ва рўзи бисту якуми он ба нимаи худ мерасид. Чеҳраи осмон рўшан, ранги оби софро ҳикоя дошт. Чашми рахшони само, офтоби босахо бар сари ҳама маҷудоти олам яксон нуру зиё мерехт. Ва бисоти замин, сабзаву гул, болои шерозаи чун махмали сабз дилрабоӣ менамуд. Парандаҳо фир-фир парида, ба шохи дарахтон менишастанд ё поён фуромада, аз байни алафҳову гулу буттаҳо ҳар чӣ ёфта мехўрданд. Садоҳои мухталиф чун парандагон болу пар кушода, бо ҳам мепечиданд ва оҳанги аҷибе рў мезад. Насими рўҳнавоз дар парвоз, ҳар чӣ рў ба рўяш меомад навозиш мекарду бўса мерабуд. Ба ҷисму ҷон қуввату дармон, ба дил шўру шавқ мебахшид. Ва дил мехост аз қафаси сина берун барояд. Аммо чашми Азамат гўё кўр буд, ки ин ҳама саховати илоҳиро намедид, эътиное намедод, баҳра намебардошт. Зеро ҳушу ёдаш банди пул буд. Дилаш ҳам барои пул метапид. Лаҳзае пеш вай «ё Алӣ, шери Худо, мадад!» гўён бо умед, бо дили пур ба дўкони «Дилкушо» омад. Ва дари онро баста диду рўяш турш гашт. Илоҷ надошт, лаҳзае сабр пеша кард. Касе пайдо нашуд. Зиқ шуд, дилаш танг гашт. Моту пакар ба дари дўкон нигоҳ мекард, вале фикраш ҷои дигар буд. Орзуи сарват доштан кайҳо дар мағзи дилу ҷонаш ҷой шуда буд. Беқарорӣ мекард, ғам мехўрд, як дам осоиш надошт.

Касе номашро ба забон овард. Безобита гашту ба чор сўй чашм давонд. Не, касе нест. Гўшаш садо додаст. Аз қуттӣ сигор гирифт. Онро оташ дод. Ҳарисона дуд ба дарун мекашиду чашм аз дари дўкон намеканд. Чӣ қадар вақт гузашт, намедонад. Ниҳоят сўзише дар байни ангуштон ҳис кард. Сигор то охир сўхта ба ангуштонаш расида буд. Даст афшонд, ангушт ба даҳон бурд. Аввал сўзиши ангушт шиддат ёфт, сипас паст шуд. Каме ҳаловат дарёфт. Дар дилаш фараҳе омад. Ва дар ҳамин лаҳза чашмаш ба саге афтид. Аён буд, ки саги дайдуст. Оромӣ аз даст дод. Сахт ошуфта гашт. «Саги девона! – фикр кард ў. – Одамро газад, одам девона шуда мемурад!» Рўҳияаш дигар шуд ва авзояш беҷо.

«Гурез, ки саг пора-пора мекунад!»

Не, касе нест. Каме нигарон шуд. Садо дигар такрор нагашт. Гўшам садод додаст. Азамат гўё дандонҳои сагро дид, ки ба сўяш нигаронида шуда буд. Баданаш раъша баровард ва зери пўсташ мурғак давид. Бо дилу овози ларзон:

– Туре, тур! – гўён дастак зад. – Тур!

Саг натарсид, балки девонатар гашт, ба сўяш ғуррид.

– Тур, лаънатӣ!

Саг боз ба сўяш ғуррид. Ин дафъа чун уллоси гург ба гўшаш расид. Дилаш таҳ нишаста безобита гашт. Ҷои ошуфтагиро ваҳму ҳарос гирифт. Тарсид, ки ҳозир саг ба ў ҳамла мекунаду аз сад ҷонаш як ҷонаш намераҳад. Пулҳо аз даст мераванд. Ногоҳ санге ба чашмаш расид. Оҳиста онро аз замин бардошт. Хост ба сўи саг ҳаво диҳад. Аммо аз саг осоре надид. Мисле, ки об буду ба замин фурў рафт, ё абр буду дар ҳаво нопадид гашт.

«Худоё, наход ба чашмам намуд? – чашмонашро аз нуқтаи номаълуме намеканд. – Не, не! Саг буд. Акнун саг нест».

Тавба, хобу хаёл барин.

Оҳиста-оҳиста ваҳму ҳарос аз дили Азамат берун гашт. Аммо рўшан нашуд, сиёҳ боқӣ монд. Оҳи сабук кашид. Ва дид, ки дар дасташ санг не, пораи коғазест.

– Уф-ф-ф!.. Ин чӣ гап?.. Чӣ пешомадест ин ҳама?! – коғазро сўе ҳаво дод.

Сигоре оташ зад. Ҳарисона дуд ба дарун кашид. Комаш талх шуд. Боз дуд гирифт. Талхӣ дар комаш афзуд. Сигорро ҳаво дод. Каме эҳсоси гуруснагӣ намуд. Қарор дод, ки пас аз анҷоми амалиёт дар ягон тарабхонаи хуб хўрок мехўрад.

Дари дўкон ҳоло ҳам баста буд.

Азамат ин сў он сў қадам мезад, оромӣ намеёфт, худро мехўрд. Баҳри вақтгузаронӣ назди духтараке рафта «Ту инро чанд гирифтию чанд мефурўшӣ» гуфта чанд дақиқае сарашро гаранг карда, савдои ўро кушт. Сипас ҳафтаномаеро кушода ба он чашм давонд.

                    Мурғак гуфт: Ку, ку, ку!

                    Гурба гуфт: Канӣ… ту?

                    Гурба даҳон боз кард,

                    Мурғак парвоз кард[1]!

– Уф-ф!.. Ин шоирҳо як шеърҳое мебофанд, ки буза бозиву хара ханда, – гўён ҳафтаномаро ба ҷояш гузошт. Ба соаташ нигарист. «Аҷиб… Вақти хўроки нисфирўзӣ кайҳо гузашта». Беқарор гашт. Чашм пўшиду ба хаёл рафт. Даркушою тақдирҷунбон – коғазҳои сабз дар хаёлаш давр заданд. Гирд гаштанд, гирд гаштанд ва ба дилаш шўъла афканданд. Ба ҷисму ҷонаш гармӣ давид. Болу пар бароварду ба осмони орзу парвоз кард. Аммо садое болу парашро шикаст.

– Чӣ ҳол дорӣ?

Ба тундӣ ба тарафи овоз баргашту чашм ба ў дўхт. Вай зани нонфурўш буд, ки ҳоли ғарибе дошт. Либосаш ҷиғдаю кўҳна, калўши пояш дарида. Вай бовар накард, зан бо ў сухан гуфтааст. Наметавонист бипазирад, ки зани ношиносе аҳволи ўро бипурсад. Кўшид ҳарфе бизанад, аммо натавонист. Боз садои занро шунид:

– Маро нашинохтӣ?

Азамат ба рўи ў кунҷковона нигарист. Кист ў? Дар гўшаи хотираш тарҳи андоми касе хира-хира пайдо шуд, аммо боз ҳам ба хотир оварда натавонист. Не, не, ў бегона аст. Ҳа, тамоман бегона. Пиндошт, ки ў худро ширин карда, пул талаб мекунад. Чунин ҳолат на як бору ду бор рух додаст. Аз ин рў хашм бар дилаш чанг кашид. Аммо зан нигоҳе нарм ва дилсўзонае дошт, ки гуфт:

– Маро фаромўш кардӣ, Азамат?

– Номи маро аз куҷо медонӣ? Ту кистӣ?

– Гулшакар.

Азамат гиҷу мот шуд. Зеро шинохт ин зани ғарибро. Вай холааш, апаи модараш буд. Даҳ соли расо ўро надидааст. Вай сахт тағйир ёфта буд. Аз он рўи гирди сафед, чашмони сиёҳу абрўвони камон қариб чизе намонда. Гўшташ об шуда, пуст рўи устухон. Ҷиян хомўш монд. Сар ба сукут рафт. Ва ниҳоят ба рўи хола нигарист.

– Ту чӣ ҳол дорӣ?

Холаи Гулшакар бо овози маҳзун гуфт:

– Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

– Яъне…

Гулшакар бо диққат нигоҳаш карду гуфт:

– Биё, ки нагўям.

– Не, чаро, гўй.

– Бад.

– Чӣ?

– Бале, бад!

– Наход?

– Чаро рў турш мекунӣ?

– Шавҳар накардӣ?

Гулшакар оҳ кашид, косаи чашмонаш лабрези об шуд. Ва рўи гунаҳояш рехт.

– Аз он рўзе модарат маро аз хона пеш кард…

Азамат бо хашм миёни ҳарфаш давид:

– Пеш накард, дурўғ нагў! Худат баромада рафтӣ.

Холаи Гулшакар ба ҳеҷ ваҷҳ озори ўро намехост. Лабони парсингбаставу хушкашро бо забонаш тар карда, суханони гарму нарм зад. Ва боз гуфт:

– Аз Худо талаб дорам, ки ҳамаатон хушбахт бошед.

Ҳоли ғариби хола дар дили Азамат каме раҳму шафқат андохт ва ў дар андешаи пайдо кардани ҳарфи нарме афтод. Ин дам дар дили Гулшакар беихтиёр ким-кадом ҳиссиёти ниҳоние ҷўш заду дар лабонаш табассуми маҳине гул кард. Чашмонаш гўё хандиданд.

– Туф-туф! Чашми каҷ нарасад! Йигити чор кас медидагӣ шудаӣ.

Азамат хавотиромез ба атроф нигоҳ кард. Гўё тарсид, ки шиносе онҳоро дар сўҳбат набинад. Чун бовар ҳосил кард, ки шиносе нест, сўи хола нигоҳ партофта нидо кард.

– Наход?

– Рост, – афзуд хола. – Ҷавонмард шудаӣ. Хурсанд шудам. Ҳоло чӣ кор мекунӣ?

Ин пурсиш ба Азамат маъқул нашуд. Аз ҷавоб гурехта, бо ҳамон оҳанги беалоқагӣ пурсид:

– Нонро худат мепазӣ?

– Не-е! Аз куҷо? Чунин шароит надорам. Аз нонво мехарам. Зиндагӣ ширин ва чӣ сахт аст. Наҷунбӣ намешавад. Беҳуда нагуфтаанд – аз ту ҳаракат, аз ман баракат!

– Ҳа-а, замона бо ту насохт, ту бо замона бисоз.

Нигоҳи холаи Гулшакар рўи Азамат қарор гирифт. Ногаҳон чизе ба назараш расид, ки беихтиёр ларзид. Фаҳмид, ки ўро нафс ба ин дўкон овардааст. «Аз барои нафс мурғи номурод, Омаду дар доми сайёде фитод».

– Ту ба ин дўкон омадӣ?

Азамат лаб фурў баст, посухро эб надид. Умуман майли сухангўӣ надошт. Холааш бо изтироб ва нороҳатии ошкоро гуфт:

– Моли ин дўкон бисёр, аммо…

Холааш «аммо» гуфта, сар ба зер афканд, ба андеша рафт.

– Чӣ «аммо»?

Хола «гўям ё нагўям» гуфта дудила шуд. Насими шўх бо рўймоли фарсудаи сари ў бозӣ мекард. Як нўги онро пар-пар паронда, ба бари рўяш мезад. Гўё таъкид карда «гап зан-гап зан» мегуфт.

– Аммо ту ба ин дўкон надаро.

Гапи охирини хола аз осмон тароша афтидагӣ барин барои Азамат ногаҳонӣ буд. Охир, ў аз ҳолу аҳвол ва чикора будани ман хабар надорад-ку? Вай, ки зеричашмӣ мутаваҷҷеҳӣ хола буд, пурсид:

– Чаро? Магар дари он ба рўи ҳама боз нест?

Холааш намехост, ки ҷиянаш ба ин дўкон дарояд. Пай мебурд аз чизе. Эҳсоси талхе дилашро фишор медод. Оҳе кашид ва пичиррос зад:

– Медонӣ, ин дўкон наҳс аст.

«Чӣ фикри аблаҳона!»

Ба лаби Азамат табассум давид.

«Э зани сода! Наҳсии вай ба ман чӣ лозим? Пулаш ба ман лозим. Пулаш! Пулаш наҳс не-ку! Ширин аст пул. Аз пул ширинтар ҳеҷ чиз вуҷуд надорад. Ва ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт».

– Кору бораш кайҳо боиси бигў-магўҳои фаровон шудааст. Медонӣ-ку занҳо телефони тайёр, дар як лаҳза тамоми сирру асрори дунёро гуфта медиҳанд. Ба шунидам ин дўкон сари чанд касро хўрдааст.

«Э бечора-е! Қашоқӣ асабҳояшро хароб кардааст. Суханҳояш по дар ҳаво».

– Мабодо пора-мора нагирӣ, ки беобрў шавӣ?

– Не-е…

– Хайр гап ҳамин. Эҳтиёт шав. Ту пушту паноҳ надорӣ. «Аз бало ҳазар» – гуфтаанд.

– Ин бало имрўз кор намекунад?

– Мекунад, – ҷавоб дод хола. – Ба намози ҷумъа рафт.

Вай дар тааҷҷуб монд. Холааш хандид.

– Чаро механдӣ?

– О, гўё навакак аз моҳ афтода бошӣ. Гуноҳаш бисёр, рўзи ҷумъа намоз мехонад, тавбаву надомат мекунад. Боз гуноҳ мекунад, боз намоз мехонад. Ва бозу боз…

Азамат гўё худ ба худ ибрози андеша кард:

– Аҷиб, намозро барои шустани гуноҳ мехонанд?

Чашмаш ба сабзазор афтод. Онро тамоман помол карда буданд. Танҳо як дона гул эмин монда, пироҳан пора карда буд. Ва гўё нидо мезад: «Зиндагӣ шукуфтан аст!» Гўё ҷавобан ба ин нидо парандае савт зад. Ў каме гўш доду гўё аз худ пурсид:

– Булбул бошад?

– Э не-е! Булбул аз куҷо? Аз рўзе ки ин дўконҳоро сохтанд булбулон фирор карданд.

– Ҳа-а, ёфтам, қумрӣ аст!

– Не, қумрӣ ҳам нест, – рад кард холааш. – Сор аст.

– Сор? Аҷиб? Бори аввал мешунавам. Чӣ хел парранда аст?

– Як парандаи мисли зоғ сиёҳ, вале аз зоғ хеле хурд аст. Холҳои сафед дорад. Ба сабаби ҳашаротхўр буданаш ба кишоварзон фоида меорад.

– Нахо-о-од?

Баногоҳ рўи холааш турш гашт.

– Ана омад, – бо нафрат гуфт ў ва рўй ба дигар сў тофт.

Ин ҷавон, дўкондор буд. Гўё парандаи сиёҳак ўро ово кард. Азамат шод шуд, чашмонаш барқ зад.

– Нарав он ҷо! – пичиррос зад холааш.

Дигар барои ў холааш вуҷуд надошт.

– Аз бало дуртар бошӣ, беҳтар.

Аён буд, ки дўкондор аз хеш хеле розӣ, худро шоҳу табъашро вазир мепиндорад. Чеҳрааш чун гул шукуфон. Нигоҳаш шўъла мезад. Аз дуди сигор лаззат мебурд.

– Ассалому алайкум!

Дуди сигорро фавворазанон гуфт:

– Э… э… во-алайкум! Биёед, биёед! Хуш омадед! Сарам ба осмон расид! Чунон молҳое дорам, ки оби даҳонатон шар-шар мерезад. Молам ҳамааш сара.

– Чӣ, аз дигарон пая аст?

– Паҳ!

– Ду соат дер кардед…

Дўкондор гўӣ бо девонае рў ба рў шуда буд, ки миёни сухани ў давиду аз «шумо» ба «ту» гузашта, бо тамасхур ва хашм гуфт:

– Чӣ-ӣ-ӣ?! Ин дўкон дўкони хусусӣ аст. Фаҳмидӣ? Кай ки хоҳам меоям, кай ки хоҳам меравам. Фаҳмидӣ?

Чун вориди дўкон шуданд, Азамат пурсид:

– Шумо соҳибкор?

Вай бо ғурур гуфт:

– Бале, соҳибкор!

Баъд бо овози баланд хандид:

– Чӣ, монанд нестам?

Хандааш дар гўши Азамат оҳанги тамасхур рехт.

– Охир, ман фолбин не-ку! Аз куҷо гуфта метавонам. Аввалан дар пешониатон навишта нашудааст. Сониян соҳибкор шоху дум надорад-ку? Соҳибкорро ҳуҷҷат муайян мекунад. Шумо ба Кодекси андоз шинос ҳастед?

Соҳибкор бо ғурур гуфт:

– Ҳа-а, албатта, шинос ҳастам. Сад бор хондаам. Об карда хўрдаам.

– Набошад ба ин ҷо имзо гузоред.

– Барои чӣ?

– Барои он ки шумо Кодекси андозро об карда хўрдаед.

– Чӣ, ин гуноҳ аст?

– Баракс, шоистаи таҳсин.

Соҳибкор имзои худро гузошт.

– Ҳуҷҷат доред?

– Ҳуҷҷат?.. О-о-о… Ҳуҷҷат… Ҳа-а, албатта, дорем. Чаро надошта бошем? Кӣ гуфт ки надорем? Наход ки… Ҳо-о, лаънатиҳое! Соҳибкор ки шудӣ душманат бисёр мешавад-да! Лекин ту ба ҳар касу нокас бовар накун. Ҳа-а, бахилӣ-да, бахилӣ. Бахилӣ аз даст наравад гуфта, ҳар гапро бофтан мегиранд. Тўҳмат мекунанд. Лекин бояд бидонанд, ки гўри бахил танг аст. Ҳо лаънатиҳое! Э сўхта хокистар шавед-е!

– Гумони бад набаред. Гумон аз имон ҷудо мекунад. Ҳеҷ кас бахилӣ накардааст. Худам мехоҳам бисанҷам. Ку нишон бидиҳед.

– Чӣ, симои ман ба ту маъқул нашуд? Ё тавба!

– Гап дар сари маъқулу номақул нест. Ман як шуморо не, ҳамаро месанҷам. Осиёб бо навбат. Ҳамаро дар як рўз санҷида намешавад-ку. Нишон бидиҳед.

– Чиро?

– Ҳуҷҷататонро.

– Кадом ҳуҷҷатро? – худро ба нодонӣ зад дўкондор.

– Маро масхара мекунед?! – шўрид Азамат.

– Худо нигаҳ дорад!

– Ҳо!

– Э, ту худат кӣ?

– Нозири андоз.

– Нозири андоз?

Барқвор ба ёдаш зад, ки шабона тўфонро хоб дида буд. Аз ин рў ба пўстинаш кайк уфтод. Ва аз «ту» ба «шумо» гузашта, ҳилагарона гуфт:

– Нахо-о-од? Ҳа-а, ака, хубед? Хуш омадед! Нури дида тоҷи сар! Канӣ, ба ин тараф гузаред. Як пиёла чой…

– Ташаккур. Вақт танг аст. Ҳуҷҷатҳоро нишон диҳед, шуд. Чой хўрдагӣ ҳисоб. Агар набошад, гўед, ки нест. Гуноҳатон сабуктар мешавад.

Дўкондор қир-қир хандид.

– Чаро механдед?

– Ё тавба!.. Чӣ, ба мо бовар надоред?

– Чаро, боварӣ дорем. Аммо вазифадорем, ки бисанҷем.

– Ҳм-м… Э, ҳа-а… Оҳ, афсўс, ки наметавонам. Сад афсўс! Ҳазор афсўс! Наранҷед-да! Дар ноомади кор отала дандон шиканад, гуфтаанд.

– Чаро? Барои чӣ?

– Ҳуҷҷатҳо дар ин ҷо не.

– Дар куҷо?

– Дар хона. Охир, ин ҷо чӣ бисёр? Дузду ғоратгар.

– Хайр, ҳеҷ гап не, ҳамсаратонро гўед биёрад.

– Э, ҳа-а! Ҳамсарам бо ман гап намезанад.

– Чаро?

– Вай ба телефонии мобилӣ монанд аст.

– Хурдакак аст?

– Не, ҳамин ки пулаш тамом шуд, бо ман гап намезанад.

– Шуд! Ҳазлу бозӣ бас! Ман меистам, худатон рафта биёред.

– Э… Ҳа-а… Нав ба ёдам омад. Э, аз ғавғои харидорон ҳушам дар ҷояш нест. Ҳуҷҷатҳо дар дасти акоям Асалбек.

– Наход? Асалбек! Асалбек! Аҷоиб! Сурх ҳам намешавед-а?

Дўкондор бо тааҷҷуб гуфт:

– Ӣ-и, чаро сурх шавам? Ман нўшидагӣ не-ку?

– Сухан аз нўшидан намеравад. Сухан аз номусу ҳаё меравад. Шумо шарм надошта дурўғ мегўед.

– Кӣ? Ман дурўғ мегўям?

– Ман не!

– Ба ҳурмати Худо дурўғ намегўям.

– Дурўғ намегўед?

– Аз шумо қарздор нестам, ки дурўғ гўям.

– Набошад ҷеғ занед!

– Киро?

– Киро?! Акоятонро!

– Рафта биёрамаш?

– Не, занг бизанед биёяд.

Шакарбек занг зад. Ва Асалбек зуд расид. Нозири андозро шод кард. Андешае барқвор ба мағзаш расид: «Тарсид, ки тез омад. Яъне таги думаш тар!» Бе ҳуҷҷат, дасти холӣ омадани Асалбек ба шодиаш шодӣ зам кард. Хурсандиаш як бар сад афзуд. Пеши рўяш боз коғазҳои сабз ба ҷилва омад. Қиёфааш ҷиддӣ шуд.

– Ҳм-м! Ба ман ҳамааш фаҳмо! Яъне ҳуҷҷат-пуҷҷат надоред. Яъне гурезпо.

– Гурезпо?

– Ҳа, гурез аз қонуни давлат. Давлат ресмона дароз мепартояд, лекин оҳиста-оҳиста мекашад. Ҳо-о, мегўянд-ку: як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир, ба дасти малахак!

– О…

– Гуш кунед! Конун қонун аст. Он суруди «якдона гул ду дона» нест, ки ҳар сароянда ба таври худ: «якдона гул ду дона, ду дона гул як дона» хонад. Ҳуҷҷат ки надоред, андозро ҳам намесупоред. Яъне шикасти қонун! Хиёнат ба давлат! Хиёнат ба халқ! Ин гуноҳи азим аст! Хеле азим! Ҷазои сахт мебояд. Акнун як роҳ ҳаст.

– Кадом?

– Маҳбас!

– Не! Не-е! Наход? Шумо…

– Инро ман не, қонун талаб мекунад! Иҷрояш ҳатмист! Ман ҳомии қонун ҳастам!

Гўё Шакарбекро тарс домангир гашт. Аз ҷо бархост. Сараш чарх зад. Калавид. Боз нишаст. Чун сангпушти аз чизе озурда гардан миёни шонаҳо кашид. Бараъло сандуқи синааш пасту боло мешуд. Чуқур нафас мегирифт. Дастонаш меларзиданд.

– Худоё!.. – саросемаву ҳаросон ба чор сў чашм давонд.

Нозири андоз бо лаҳне қотеъ боз гуфт:

– Қонун қонун аст!

Шакарбек сарашро байни ангуштонаш гирифту нолид:

– Худоё!..

– Ба умеди Худо нашаву, буттаро махкам бидор.

Нафаскашии Шакарбек номуратаб гашта, бо гардани каҷ канда-канда гуфт:

– Рост, рост. Худо дур аст. Шумо дар рў ба рўям. Як бало кунед. Ёрӣ диҳед. Илтимос, «не» нагўед. О, мо ҳам одамем… Ҳо, одамем. Ақл дорем… бе ақл нестем…

– Ҳм-м!..

Шакарбек саросема кисаҳояшро кофт.

– Лаънатӣ куҷо шуд?

– Чӣ?

– Сигор.

Нозири андоз қуттии сигорро ба ў дароз кард. Сигор гирифта оташ дод. Ҳарисона дуд ба дарун кашид. Сахт-сахт сулфид.

– Медонам… Мефаҳмам… Қонун думи шер аст. Бо думи шер бозӣ кардан хатарнок аст.

– Ҳо-о, дуруст!

– Лекин, охир, қонунро ҳам одам навиштааст. Аз осмон наомадааст-ку. Ё гапам нодуруст?

– Даст диҳам, аз оринҷ медорӣ, а, – табассуми тамасхуролуд дар лабони Азамат гул кард.

– «Гунҷишкро кӣ кушад – қассоб», – гуфтааст халқ. Қулфу калиди қонун дар дасти шумо аст.

Нозири андоз шердил шуда гуфт:

– Ғам нахўр, натарс. «Аз чумчуқ тарсӣ, арзан накор», – гуфтаанд. Ман ҳам ҷаллод не, одам ҳастам. Бузургонамон чӣ гуфтаанд? «Даст дастро мешўяд» ё «Аз як даст садо намебарояд».

– Ба ҳурмати Худо рост гуфтаанд. Бар падарашон ҳазор раҳмат.

– Яъне: «Ту ба ман, ман ба ту!»

– Садқаи аҳли фаҳм шавам. Рост: «Ту ба ман, ман ба ту!»

– Не: «Ту ба ман, ман ба ту!»

– Шуд, тамом, фаҳмидам. Санад тартиб намедиҳед-а?!

– Рост, гуфтам-ку. Лекин ин аз ҳиммататон вобаста. Ҳиммат! Хуб фармудаанд, ки: «Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, агар хоре бувад, гулдаста гардад!»

– Яъне, хори мо гул мегардад?

– Гул мегардад! – гуфт нозири андоз ва як лаҳза сукут карду сипас ба Шакарбек рўй овард: – Лекин: «рози мардон пўшида беҳ!» Уштури сафеда дидед? Не! «Эҳтиёт – ними ҳаёт!», гуфтаанд.

– Хавотир нашавед! Шумо маро кӣ гумон кардед… Ман аз он бузҳои шумо мегуфтагӣ нестам. Бовар кунед. Хўш «ҳиммат» чӣ қадар бошад? Лекин инсоф ҳам чизи хуб аст. Аз рўи инсоф шавад, баракат меёбед.

– Ман беинсоф нестам, – бо табассуми малеҳ ба ў нигарист Азамат.

Дўкондор ба ў коғазеро дароз кард. Азамат як қадар дасту по хўрда шуд. Шакарбек бо имои сару даст ишора намуд, ки «ҳиммат»-ро нависед. Азаматро якбора эҳсоси гуворое фаро гирифт. Пешниҳоди дўкондор табъи дилаш буд. Вай хоҳиши дўкондорро иҷро кард. Дўкондор, ангор аз ин рақам тарсид, ки даступоча шуд.

– Ман… Ман…

Ва ба ҳолати буҳтзада коғаз аз дасташ афтод. Азамат коғазро аз замин бардошт. Ва нигоҳи ў ба рўи Шакарбек қарор гирифт. Дўкондор моту манг дар ҷои худ истода буд. Азамат дарк намуд, ки ба беинсофӣ роҳ додаст. Агар исрор кунад, зўри дўкондор нарасад, миён шиканад. Роҳи дигаре надошт, магар ин ки рақамро поин фурорад. Нигоҳи шарарборе ба дўкондор андохт ва гуфт:

– Ту чӣ мегўӣ, вазнин аст?

Дўкондор ба худ омад ва сар ба тасдиқ такон дод. Як он даври лабони Азамат табассум нишаст, аммо зуд рафт. Ў ҷигот гиронд ва миёни абрувонаш чин гирифт.

– Ба хаёлат ҳамааш ҳақи ман аст?

Дўкондор дам назад. Азамат сигор оташ зад. Чанд қадам ба дарозии ҳуҷра роҳ рафт, дубора ба ҷояш нишаст.

– Чӣ фикри ботиле!

Дўкондор ба ў нигоҳ кард ва бо лаҳни соддае гуфт:

– Рост-е! Аммо…

Азамат рақамро хат заду аз нав навишта ба Шакарбек нишон дод. – Мешавад?

– Мешавад, гап нест, қабул.

Азамат коғазро оташ зад. Коғаз аланга зад ва хокистар шуд. Шакарбек аз ҷо бархост:

– Ман барои «ҳиммат» меравам.

– Куҷо?

– Дур не, ба хонаи дарун. Сейф дар он ҷо.

– Хуб!

Дўкондор телефони мобилиашро ба даст гирифт. Тез-тез рақам чинд. Ва оҳиста гуфт:

– Ало… Ман… Сайд тайёр…

Ва баргашту пулро ба дасти нозири андоз дода:

– Ҳисоб кунед, – гуфт.

Чашмҳои нозири андоз барқ зад. Бо ҳолате чопсулона, ки қодир набуд ранги тамаъ ва ҳирси шадиди ўро пинҳон дорад, дар муқобили соҳибкор шона боло андохт ва гуфт:

– Ман бовар мекунам. Баракат ба касбу коратон! Аз ҳамин рўз мо ҷўра. Чӣ гуфтед?

– Бале, ҷўраи ҷонӣ. Дари дўкони мо ҳамеша ба рўятон боз! Ҷароғак ҳамеша сабз!

Азамат пулро ба киса зада аз ҷо бархоста буд, ки «сайёд» даромад.

– Истед! Аз ҷоятон наҷунбед!

Магар замин зери пояш ларзид, ки баргашта ба ҷояш нишаст. Даҳшат ва таҳлуқаи азим вуҷуди ўро фаро гирифт.

– Ту ба порахўрӣ айбдор мешавӣ, – бо табассум ба забон овард «сайёд», ки гўё сухан дар бораи кадом як воқеаи ҷолиб ва хандаоваре меравад.

– Ин дурўғ аст! Бўҳтон аст! – ҷаста хест Азамат аз ҷояш.

– Шин! Шин! Ман туро пешакӣ оғоҳ месозам: танҳо иқрор ба гуноҳ ҷазоятро сабук мекунад, – «сайёд» боз ҳам табассум кард. – Дар кисаи ту пулҳои пора гирифтаат…

– Дурўғ! Тўҳмат! Ин пулҳои худам!

– Барор!

Вай пулҳоро баровард. «Сайёд» бо асбоби махсус онҳоро равшан кард. Навиштаи «пора» аён шуд. Ба Азамат чунин намуд, ки забонаш варам кардаасту сухан гуфтан наметавонад.

Баъд… ў худро ба даст гирифту доду фарёд зад…

Аммо чӣ суд?

Шакарбек хеле песонд ўро, тамасхур карду хомўш монд.

– Канӣ, аз ҷоят хез!

– Чӣ?

– Хез!

Хост бархезад, натавонист.

– Об! – хоҳиш кард Азамат.

– Хез, худро ба нодонӣ назан, – «сайёд» абрувонашро дарҳам кашид.

– Бечора об мехоҳад. Обаш деҳ, то ба серӣ нўшад.

Пас аз нўшидани об охирин қувваташро ҷамъ карда, базўр аз ҷои худ боло шуд.

– Дастонатро пеш биёр.

Завлонаро диду дунё пеши назараш тор гашт.

– Илтимос, завлона назанед. Ман намегурезам.

– Намешавад.

Азаматро бо дастони баста аз дўкон бароварданд.

«Худоё! Магар ҳоло хоб мебинам ё бедорам?»

Ў хоб намедид, бедор буд. Бо дасти худ гўрашро канд. Кай бори каҷ ба манзил расида буд?..

Азамат маҳзунона сар ба зер андохт. Гўё бори ғами дунё бар дўшаш буд. Чашм дар пушти по дошт. Намебардошт. Шармсор, хиҷолатзада, арақшор. Холаи Гулшакар дасту по хўрд. Ранг аз чеҳрааш бохт. Нигаҳҳояш парешону беқарор гашт.

– Худоё! .. – хола лаби рўймоли чиркини сарашро зери дандон гирифт.

«Дареғ, сад дареғ! Ба гапам гўш надодӣ. Оҳ, кош, аз дастат медоштам! Намегузоштам… Афсўс!.. Э вой! Наход боз даҳ сол якдигарро набинем?! Эҳ, кӣ медонад, ки то он рўз ҳастам ё не?!.»

Шаби дигар дўкони «Дилкушо» оташ гирифт. Касе оташ зад ё худ оташ гирифт муаммо монд. Аммо шоҳидон мегўянд, ки чун чўби гугирд сўхт. Сўхторхомушкунандаҳо замоне расиданд, ки аз дўкон ба ҷуз хокистар чизе боқӣ намонда буд.

Ғуссаи ду дунё рўи дили Шакарбек рехт.

Яке нидо дар дод:

– Хонааш сўхт!

Ҳамон рўз Шакарбек худро овехт.

[1] Шеъри Пайрав Сулаймонї

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …