Хабарҳои охирин

ҚАМАРДИНОВ Хушқадам Қурбонович

nophoto-man

ҚАМАРДИНОВ Хушқадам Қурбонович (тав. 26. 5. 1933, деҳаи Ишкошими ВМКБ), духтури бемориҳои сироятӣ, доктори илми тиб (1985), проф. (1986), Аълочии нигаҳдории тандурустии ИҶШС (1968), Аълочии неруҳои сарҳадии ИҶШС (дараҷаи I ва II), Духтури шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), барандаи Ҷоизаи ба номи Е.Н. Павловскийи АИ ҶТ (2009). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ …

Муфассал »

ҚАНД

kand

ҚАНД, ғизои маъмули ширин. Таркиби химиявии Қ. якхела буда, 99,75 фоиз сахароза иборат аст. Қ. зудҳазм буда, организмро бо карбогидратҳо таъмин мекунад. Қ.-ро аз найшакар ё лаблабуи қанд мегиранд. Солҳои охир олимони як қатор мамлакатҳо афзоиши баъзе бемориҳо, аз ҷумла амрози дилу раг ва кариеси дандонро ба истеъмоли барзиёди Қ. …

Муфассал »

ҚАРАНФУЛ

karanful

ҚАРАНФУЛ (Syrygium aromaticum), мехак, қаранфур, қаранфули гардан, дарахтест ҳамешасабз; як навъ хушбӯиро гӯянд, ки аз ғунчаи хушконидаи гулҳои Қ. ҳосил мекунанд. Баргаш дурушти чармгун, гулаш майдаи чорбаргаи сафед, гулобӣ ё сурх. Хӯшагулаш чатршакл. Мевааш арғувонӣ, яктухма, ба ангури сагак монанд аст. Ватани Қ. ҷаз-ҳои Молукка маҳсуб мешавад. Онро дар бисёр …

Муфассал »

ҚАРАТОБОН

karatobon

ҚАРАТОБОН, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷан. қ.-кӯҳи Ҳисор, 15 км шарқтари деҳаи Зиддӣ ҷойгир шудааст. Баландиаш аз с. б. 2050 м. Дебиташ – 0,6 л/сон., ҳарор. обаш 900С, минералнокиаш – 3,6 г/л. Таркиби оби чашма аз кислотаҳои силикат, метаборат, манган, никел, кобалт, мис, руҳ, литий, гази карбонат (90,6%), нитроген (7,8%), …

Муфассал »

ҚАРНИЯ

karniya

ҚАРНИЯ, қисми пеши пардаи берунии чашм, ки шаффоф аст. Қ. чашмро аз иллатёбӣ ва гарду чанг ҳифз мекунад. Қ. аз 5 қабат иборат аст: 1) эпителияи пеш; 2) ғишои асосии пеш ё пардаи Боумен; 3) моддаҳои хоси Қ. ё танаи бофтаи пайвандӣ; 4) ғишои ақиб ё дессемет (қабати дохилии марзии …

Муфассал »