Хабарҳои охирин

«ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ»

kabir

«ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ», дастуруламали илмиест доир ба тиб. Муаллифи китоб Муҳаммад Акмалхон (тав. номаълум; ваф. – тақр. 1907) илми тибро аз бобояш Ҳаким Муҳаммади Аъзамхони Ромпурӣ (ваф. 1902) омӯхтааст. Азбаски ба ин асар қисме (693 номгӯи бемориҳо ва табобати онҳо) аз «Қарободини Аъзам» дохил аст, китоб номи худи муаллиф …

Муфассал »

«ҚАРОБОДИНИ БАҚОӣ»

bakoi

«ҚАРОБОДИНИ БАҚОӣ», асари ҳаким Муҳаммад ибни Исмоили Деҳлавӣ, машҳур ба Бақохон. Иборат аз ду ҷилд буда, ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб дар бораи хосияти доруҳои мураккаб ва истифодаи онҳо баҳс мекунад. Ад.: Абдулҳай ал-Ҳисанӣ, «ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд, Димишқ, 1983. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

«ҚАРОБОДИНИ ЗАКОӣ»

zakoi

«ҚАРОБОДИНИ ЗАКОӣ», асари ҳаким Закоуллоҳи Акбарободӣ (ваф. 1795). Китоб дар баёни доруҳои мураккаб буда, ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Ад.: Абдулҳай ал-Ҳасанӣ, «ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд», Димишқ, 1983. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

«ҚАРОБОДИНИ ИБНИ ТИЛМИЗ»

ibni-tilmiz

«ҚАРОБОДИНИ ИБНИ ТИЛМИЗ», асари Аминуддавла Абулҳасан Ҳибатуллоҳ ибни Абилъалои Бағдодӣ, маъруф ба Ибни Тилмиз (ваф. 1165). Китоб дар баёни доруҳои мураккаб буда, ба забони арабӣ таълиф шудааст. Аз машҳуртарин таълифоти муаллиф аст. Тамоми табибону дорушиносон дар доруфурӯшиҳо ва бемористонҳои Бағдод аз рӯи он амал мекарданд. Он ҳамчун дастуруламал ба ҷои …

Муфассал »

«ҚАРОБОДИНИ КАБИР»

kabir

«ҚАРОБОДИНИ КАБИР», асари Муҳаммадҳусайн ибни Муҳаммади Оқилӣ дар боби тиб. С. 1770 таълиф шудааст. Муаллифи «Қ. к.» дар Ҳиндустон умр ба сар бурдааст ва бо номи «Махзану-л-адвия» асари дигаре низ дорад. Муқаддимаи «Қ. к.» аз бист фасл иборат аст: фасли якум доир ба ғизою даво ва аҳамияту фарқияти онҳо; фасли …

Муфассал »