Хабарҳои охирин

ҚАБУРҒА

kaburga

ҚАБУРҒА, устухонҳои ҷуфту камоншакле, ки бо сутунмӯҳра пайванданд. Қ. ва тӯш дар хазандаҳо, паррандаҳо, ширхӯрон ва одам қафаси синаро ташкил медиҳанд. Дар ҳайвонот Қ. болоию поёнӣ мешавад. Қ.-ҳо узвҳои дарунро ҳифз мекунанд. Одам 12 – ҷуфт Қ. дорад: Ҳафт ҷуфт Қ.-и боло (1 – 7) Қ.-ҳои ҳақиқӣ ном доранд. Қ.-ҳои …

Муфассал »

ҚАДКАШАК

kadkashak

ҚАДКАШАК (Regio inguinalis), каши рон; аз боло бо хатти пайванди нӯги устухонҳои тиҳигоҳ, аз поён – бо чини қадкашак, аз дарун – бо канори берунии мушаки рости шикам ҳамҳудуд аст. Пӯcти Қ. тунук буда, дар мавзеи рон чини қадкашакро ба вуҷуд меорад. Дар Қ. артерия, венаҳо ва ғуддаҳои лимфавии фавқи …

Муфассал »

ҚАДКАШИИ ОДАМ

kadkashii-odam

ҚАДКАШИИ ОДАМ, калон шудани ҷасомади умумии организм ё бофтаю узвҳои ҷудогонаи он. Рушд (инкишоф) хосияти материяи зинда буда, бештар ба организми ҷавон хос аст. Вале ҳама гуна калоншавии ҷасомади бадан қадкашӣ маҳсуб намешавад. Мас., ғуншавии чарб боиси калон шудани ҷусса гардад ҳам, вале рушди организм нест. Меъёри рушд қад, вазн …

Муфассал »

ҚАДУ ҚОМАТ

kadu-komat

ҚАДУ ҚОМАТ, вазъи муқаррарии ҷуссаи одам дар ҳолати оромӣ ва ҳангоми ҳаракат; аз давраи кӯдакӣ дар рафти сабзишу инкишоф ва тарбия ташаккул меёбад. Қ. қ.-и дуруст пайкари одамро зебо мегардонад, ба фаъолияти мӯътадили узвҳои ҳаракат ва тамоми организм мусоидат мекунад. Агар Қ. қ. дуруст бошад, хамии табиии сутунмӯҳра мӯътадил буда, …

Муфассал »