Главная / Илм / АОРТИТ

АОРТИТ

aortit-sifiliticheskij-simptomyАОРТИТ, илтиҳоби девораи аорта. А. шадид, зершадид ва музмин мешавад. А.-и шадид дар мавриди бемориҳои шадиди сироятӣ ё ягон осеб инкишоф меёбад. А.-и музмин дар заминаи А.-и шадид, бемориҳои сироятии музмин, хусусан, сифилис, тарбод сар мезанад. А. бештар оризаи сифилис аст. Ҳангоми А. асосан аортаи болорав осеб меёбад. Дар натиҷа аневризма ё ногузароии рагҳои иклилӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Бинобар фишор овардан ба узву бофтаҳои ҳамшафат ё бо хун пурра таъмин нашудани дил, сандуқи сина ба дард медарояд. Бо мақсади пешгирии А. бемориҳоеро, ки сабаби пайдоиши он мешаванд, табобат кардан лозим аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

kitob-va-paydoish

АССАЛОМ, ЭЙ МАЗҲАБИ МОРО ЧАРОҒИ РАҲНАМО

(Ба ҷои сарсухан) Ассалом, эҳёгари ойини поки Мустафо! Ассалом, эй муҷтаҳиду орифу Луқмони мо! Ассалом, …