Главная / Илм / АНҶИБАРАК

АНҶИБАРАК

anchibarakАНҶИБАРАК (Polugonum nitans), гиёҳест бисёрсолаи худрӯй. Аз 25 то 95 см қад мекашад. Пояаш рост, баргаш дарозрӯя ё нештаршакл. Гулаш гулобии сафедтоб, хӯшагулаш байзашакл. Мевааш чормағзаки сеқирра, суфта, ҷилодор, дорчинӣ ё бӯри дорчинӣ. Июн – сент. гул карда тухм мебандад.
А. дар алафзор, арчазор, тӯсзор, марғзорҳо мерӯяд. Дар қ-кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва мавзеъҳои Тоҷикистони Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ паҳн шудааст.
Дар тибби халқӣ ҷӯшоби решаи А.-ро барои муолиҷаи табларза ва исҳол истифода мебаранд, онро ба омосу пучак мебанданд, ҳангоми захми меъда, дарди санги гурда ва масона истеъмол мекунанд. Бо хокаи решааш захмҳои хуншор, омосҳо ва пучакро табобат менамоянд. Барои рафъи дарди санги талхадон ва масона 20 г решаи майда резакардаи А.-ро дар 1 л об 20 дақиқа ҷӯшонда, бо дока меполоянд ва дар як шаборӯз як истаконӣ менӯшанд. Ғайр аз ин, аз А. ва тухми зағир (аз ҳар кадом 5 г ва дар як истакон об) ҷӯшоб тайёр карда, ҳангоми хуншории узвҳои дарун, захми меъда ва рӯдаҳо баъди ҳар 2 соат як чумчагӣ истеъмол мекунанд. Бо мақсади табобати луобпардаи ҷавфи даҳон 10 – 20 г решаи А.-ро дар як истакон об ҷӯшонда, бо он даҳонро обгардон кардан лозим аст. Онро барои рафъи исҳол рӯзе 2 маротиба ¼ – истаконӣ нӯшидан низ мумкин.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …