Главная / Илм / АОРТА

АОРТА

aortyАОРТА (Aorta), шоҳраг, абҳар, раги шараёнӣ, ки аз меъдачаи чапи дил ибтидо мегирад. А. аз қисми болорав, камонак ва қисми поёнрав иборат аст. Қисми поёнрав то назди диафрагма А.-и сина ном дорад. Қисми аз диафрагма поёни онро А.-и шикам меноманд. Он дар савияи мӯҳраи IV миён ба шараён (артерия)-ҳои тиҳигоҳии умумии рост ва чап ҷудо мешавад. Ҳар шараёни тиҳигоҳии умумӣ ду шохча дорад: шараёни дохилии тиҳигоҳ (девора ва узвҳои косро бо хун таъмин месозад) ва шараёни берунии тиҳигоҳ (ба шараёни рон табдил меёбад). Шараёни рон сершоха буда, хунро ба андомҳои поён мефиристад (шараёни таҳтизонуӣ, шараёнҳои пешу қафои устухонҳои калон ва хурди соқ, шараёни кафи по).
Аз қисми болорави А. дар назди пиёзаки он (ҷое, ки А. васеъ мегардад) шараёнҳои иклилии рост ва чап ибтидо меёбанд. Онҳо дилро бо хун таъмин месозанд. Аз ҷониби рости камони А. ба сӯи чап шохаи китфу сар, шараёнҳои умумии чапи хоб ва зери чанбар сар мешаванд. Аз А.-и сина шохаҳо ба узвҳои дарун (сурхрӯда, трахея, бронхҳо, перикард), девораи ҷавфи сина ва диафрагма мераванд. Тавассути сӯрохи аортавии диафрагма А. ба ҷавфи шикам мегузарад. Аз А.-и шикам ба девораҳои диафрагма ва шикам, ҳамчунин ба меъда, ҷигар, ғадуди зери меъда, сипурз, рӯда, гурдаҳо, ғадудҳои болои гурда ва ҷинсӣ шохаҳо ҷудо мешаванд. Ниг. низ Силсилаи дилу рагҳо.
КЛ
Аорта ва шохаҳои он: 1 – қисми синагии аорта; 2 – артерияҳои байниқабурғавии қафо; 3 – шохаи батнӣ; 4 – артерияҳои камар; 5 – душоха шудани аорта; 6 – артерияи мобайнии чорбанд; 7 – артерияи умумии тиҳигоҳи рост; 8 – қисми батнии аорта; 9 – артерияи масориқаи поён; 10 – артерияи тухмдони рост; 11 – артерияи гурдаи рост; 12 – артерияи масориқаи боло; 13 – артерияи диафрагмавии рости поён; 14 – пиёзаки аорта; 15 – артерияи иклилии рост; 16 – қисми болорави аорта; 17 – камони аорта; 18 – танаи китфусарӣ; 19 – артерияи суботии умумии чап; 20 – артерияи таҳтичанбарии чап.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …