Главная / Илм / АНҶИР

АНҶИР

figАНҶИР (Ficus carica), т и н, бутта ё дарахтест хурд. А.-и худрӯй то 4 – 5 м қад мекашад. Танааш сершох, баргаш калони чокдор, мевааш мурӯдшакл ё кулчамонанди зард, сабз, бунафш ва бӯр. А.-и худрӯй дар кӯҳистони Ҳисор, Дарвозу Қаротегин ва диг. мавзеъҳо дучор меояд. А.-ро дар Тоҷикистон аз замонҳои қадим мепарваранд.
Бино ба маълумоти Ҷолинус анҷирқоқ меъдаро тоза мекунад. Ба ақидаи Абӯалии Сино истеъмоли А. дар наҳорӣ, хусусан якҷоя бо чормағз ва бодом барои организм судбахш аст. Қабзияти ҷигару сипурзро мекушояд, барои гурда ва масона нафъ меорад, реги гурдаро меронад, бемории саръро шифо мебахшад, ранги рӯйро тоза мекунад, думбалро «мепазонад». Агар аз решаи он якҷоя бо решаи бунафша, сода ва оҳаки шукуфта марҳам сохта ба нохун банданд, касалии нохунхӯракро шифо мебахшад. Бо ҷӯшоби А. ҳангоми варам кардан гулӯро ғарғара мекунанд. Ғӯраи А.-ро ба доғҳои модарзодӣ ва озах мебанданд. Абӯалии Сино бо шароби А. сурфаи кӯҳна, дарди сандуқи сина, омоси шуш ва нойчаҳои шушро табобат мекард. Барги А. барои илоҷи шукуфа нафъ дорад; онро ҳангоми саглес ва захмҳои гуногун истифода мекунанд. Афшураи барги А. вашм (холкӯби)-ро меравонад. Омехтаи шираи барги А. бо кафки хардал хоришакро шифо мебахшад. Абӯалии Сино ҷӯшоби анҷирқоқро барои муолиҷаи гирифтани овоз ва сусткамарӣ тавсия додааст. ӯ дар «Ал-Воҳия» овардааст, ки анҷирқоқ барои бемории саръ, махав, обхӯра ва шукуфа, шираи он барои чашмдард, дандондард, шукуфа муфид аст, барги А. сабӯсаки сарро нест мекунад, шилми он гули чашмро меравонад. Бино ба маълумоти «Эҳёу-т-тиб» анҷири бо сирко омехта барои бемориҳои испурҷ нафъ дорад. Дар «Махзану-л-адвия» қайд шудааст, ки А. ҳангоми дилзанӣ, зиқи нафас, сулфа, дарди сандуқи сина, сахт шудани пардаи шуш муфид буда, давои арақовар аст. «Анҷир серғизо, зудҳазм, таскиндиҳандаи ҳарорат ва ташнагӣ мебошад… Хӯрдани он бо бодом ва писта ҷиҳати ислоҳи баданҳои заиф… нофеъ аст. Ва чун ношто бихӯранд, маҷории (роҳи) ғизоро кушода намояд ва баданро фарбеҳ созад ва хӯрдани он пеш аз таом… шикамро мулоим мекунад».
Дар тибби халқӣ реша, шираи тана, барг ва меваи А.-ро барои табобати бемориҳои гуногун истифода мебаранд. А.-ро давои бемории сил, узвҳои нафас, ҷигар, гурда, меъда, сулфа, гулӯдард, сулфакабутак меҳисобанд. Ҷӯшоби баргҳои хушк ва решаи А.-ро ҳангоми заъфи меъда, ҷӯшоби меваашро барои муолиҷаи бемориҳои гурда, чакмезакӣ ва камхунӣ истифода мебаранд. Чойи анҷирқоқ дарди гулӯро рафъ менамояд. Меваи дар шир ҷӯшондаи онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар, пешоброн тавсия медиҳанд. Тухми А. давои исҳоловар аст. Шираи А.-ро барои муолиҷаи ҷароҳат ва гармича истифода мебаранд. Истеъмоли А. барои беморони диабети қанд ва илтиҳоби шадиди рӯда зарар дорад.
Дар тибби муосир аз барги А. доруи «Псоберан» тайёр мекунанд, ки барои муолиҷаи песӣ истифода мешавад. Анҷирқоқ ба таркиби доруи «Кафиол» дохил шудааст.
Ад.: Ҳикмати асрҳо (мураттибон В.А. Капранов, Р. Ҳошим), Д., 1975; Ю. Нуралиев, Лекарственные растения, Д., 1988; М. Ходжиматов, Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …