Главная / Илм / БЕҲИССОЗИИ МАВЗЕӣ

БЕҲИССОЗИИ МАВЗЕӣ

blokadaБЕҲИССОЗИИ МАВЗЕӣ, беҳиссозии ҷузъӣ, бо роҳи сунъӣ фурӯ нишондани эҳсоси дард. Ба Б. м. дар натиҷаи инҳисор (блокада)-и системаи асаби канорӣ ноил гаштан мумкин аст. Б. м. барои бедард гузарондани ҷарроҳиҳои гуногун, бандинагузорӣ ва ташхиси бемориҳо имконияти мусоид фароҳам меорад. Б. м.-ро бештар дар амалияи амбулаторӣ кор мефармоянд.
Чанд роҳи Б. м. мавҷуд аст: хунук кардани пӯст; ба луобпардаҳо молидани маҳлули доруҳои карахтгардон; ба бофта ва ҷавфи бадан фиристодани доруҳои беҳиссозанда ва ғ.
Ҳангоми буридани думбалҳо қаблан пӯстро хунук менамоянд. Бо ин мақсад ба сатҳи пӯст хлориди этил пошида мешавад. Беҳисгардонии луобпардаҳо дар амалияи оториноларингология истифода мегардад. Барои бедард гардондани қарния ва конъюнктива доруро бевосита ба чашм мечаконанд.
Беҳисгардонии ҷузъие, ки онро дар натиҷаи ба бофтаҳо ва ҷавфи бадан фиристодани доруҳои рафъи дард амалӣ месозанд, иртишоҳӣ (инфилтратсиявӣ), интиқолӣ ва ҳароммағзӣ мешавад. Беҳисгардонии инфилтратсиявӣ тавассути дору (новокаин, тримекаин) қабат ба қабат карахт сохтани бофтаҳоро дар назар дорад. Махсусан беҳиссозии инфилтратсиявии Вишневский маъмул аст (онро бо новокаин амалӣ мегардонанд). Ба беҳисгардонии интиқолӣ метавон бо роҳи бевосита ба шафати асаб фиристодани новокаин ноил гашт. Дар натиҷа ҳисси дард дар мавзее, ки асаби мазкур ҷой гирифтааст, барҳам мехӯрад. Беҳисгардонии интиқолӣ ду навъ – дохиливаридӣ ва дохилиустухонӣ мешавад. Усулҳои мазкур дар мавриди амалиёти ҷарроҳӣ дар дасту пойҳо истифода мегарданд.
Беҳисгардонии ҳароммағзиро асосан зимни ҷарроҳии узвҳои коси хурд, ҷавфи шикам, инчунин пойҳо кор мефармоянд.
Бемор, одатан, Б. м.-ро хуб паси сар мекунад. Оризаҳои амалиёт фақат дар сурати истифодаи вояи зиёди дору ё саҳван ба маҷрои хун фиристодани он ба вуҷуд меоянд. Барои организм бадпазир будани дору низ метавонад боиси сар задани оризаҳои гуногун шавад (мас., аллергия). Оризаи хавфноки Б. м. анафилаксия аст.
Қ.Н. Носиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …