БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ ХОК, маҷмӯи тадбирҳои қонунбарорӣ, ташкилӣ ва санитарию техникиест, ки бо мақсади пешгирии ифлос гаштани хок андешида мешаванд. Ахлот, саргин, пору ва пасоб дар сурати нодуруст безарар кардан (ниг. Ассенизатсия, Безараргардонии партовҳо), мепӯсанд ва аз хок ба манбаи таъмини об гузашта, ба инкишофи ангезандаҳои амрози меъдаю рӯда, гелминтҳо ва ҳашарот (ангезандаи касалиҳои одам ва ҳайвонот) мусоидат мекунанд. Ба хоки ифлос магас, хомӯшакҳо, ғурмагасҳо тухм мегузоранд, дар он хояндаҳо маскун шуда, бемориҳои сироятӣ (тоун ва туляремия)-ро паҳн мекунанд. Ботлоқзорҳо барои афзоиши пашшаи вараҷа муҳити мусоид мебошанд. Махсусан истифода ва нигаҳдории нодурусти нуриҳои минералӣ ва пестисидҳо (ниг. Заҳрҳои кишоварзӣ) барои ифлос гаштани хок хавфи калон доранд.
Беҳдошти хок қисми асосии барономаҳои комплексӣ роҷеъ ба ҳалли масоили беҳдошти санитарии ҳавои атмосфера, ҳавзаҳои об, беҳтар кардани таъмини об, канализатсия ва тоза намудани маҳалҳои аҳолинишин мебошад. Нисбат ба Б. махсусан дар ҳудуди мавзеъҳои муҳофизати санитарӣ, манбаи мутамаркази таъмини об, курортҳо, минтақаи истироҳати оммавии аҳолӣ, муассисаҳои солимгардонии бачагон, санаторияҳо ва ғ. талабот калон аст.
Хок ба туфайли қобилияти полоиш доштан пок мешавад. Вале агар хок ниҳоят ифлос гашта бошад, пас дар рафти полоиш раванди пӯсиш ба амал омада, он тамоман тоза шуда наметавонад. Дараҷаи ифлосии хокро кормандони бунгоҳҳои санитарию эпидемиологӣ бо роҳи таҳқиқи химиявӣ, бактериологӣ ва гелминтологӣ муқаррар мекунанд.
Мутобиқи Кодекси ҷиноятии ҶТ (моддаи 228, Хароб кардани замин) заҳролуд ё ифлос кардани хок бо маводи зиёновари кишоварзӣ, вайрон намудани қоидаҳои муносибат бо доруҳои заҳрнок, пору, ангезаҳои рушди растанӣ ва диг. маводи хатарноки химиявию биологӣ, ки дар натиҷа ба хок зарари ҷиддӣ расонда мешавад, қонуншиканӣ маҳсуб ёфта, барои он ҷазоҳои гуногун муқаррар карда шудааст. Ниг. низ Ҳифзи муҳити зист.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …