Главная / Илм / БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ ҲАВЗАҲОИ ОБ

БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ ҲАВЗАҲОИ ОБ

basseynБЕҲДОШТИ САНИТАРИИ ҲАВЗАҲОИ ОБ, маҷмӯи тадбирҳои қонунбарорӣ, ташкилӣ ва санитарию техникиест, ки баҳри пешгирии ифлос гаштани манбаъҳои об равона шудаанд. Зарурати Б. нимаи дуюми а. 19 ба сабаби тараққиёти саноат, сохтмони системаи мутамаркази таъмини об, канализатсия, обпартою корезҳо ба миён омад.
Б. масъалаи хеле муҳим аст, чунки бо партови саноат, пасобҳои рӯзгор ва баъзе моддаҳои химиявии кишоварзӣ олуда гардидани ҳавзаҳои об барои саломатӣ хавфи калон дорад. Манбаъҳои об бештар дар натиҷаи нодуруст истифода бурдану нигоҳ доштани нуриҳои минералӣ ва пестисидҳо заҳролуд гашта, шароити санитарии таъмини обро бад мегардонанд. Қонунҳо роҷеъ ба Б. мунтазам такмил меёбанд ва масъулияти ташкилоту хоҷагиҳоро барои андешидани тадбирҳои пешгирии ифлос гаштани ҳавзаҳои об афзун менамоянд.
Такмили ҷараёни технологии истеҳсолоти кампартов, тоза карда сипас истифода бурдани пасобҳо, иваз намудани маводи зарарнок бо моддаҳои безарар ё таъсири заҳрашон суст, аз партовҳо ҷудо карда гирифтани унсурҳои зарурӣ, дар атрофи манбаъҳои об бунёд сохтани иншооти санитарӣ ва ғ. аз ҷумлаи тадбирҳои самараноки Б. мебошанд.
Дар моддаи 226 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ифлос кардани об) барои ифлос ё олуда кардани манбаъҳои об ҷазо пешбинӣ карда шудааст. Қоидаҳои беҳдошти ҳавзаҳои об дар аксар қонунгузориҳо ва диг. санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ қайд гаштаанд. Мас., дар Кодекси оби ҶТ қоидаҳои ҳифзи об аз ифлосӣ, муайян намудан ва ситонидани пардохт, меъёрҳои партови ифлоскунанда ва ғ. мавҷуданд. Ниг. низ Ҳифзи муҳити зист.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …