Главная / Илм / БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ ҲАВО

БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ ҲАВО

provetrivanie-pomeshheniyБЕҲДОШТИ САНИТАРИИ ҲАВО, маҷмӯи тадбирҳои қонунбарорӣ, ташкилӣ, муҳандисию техникӣ ва санитарию беҳдоштист, ки барои дар атмосфера паҳн насохтани партови моддаҳои зарарнок ё маҳдуд намудани онҳо равона шудаанд.
Масъалаи ифлос гаштани ҳавои атмосфера дар баробари тараққиёти истеҳсолоти саноатӣ ба миён омад. Пешрафти илму техника истифодаи сарватҳои табииро вусъат дода, масъаларо боз ҳам мураккаб сохт. Адади элементҳои химиявие, ки дар истеҳсолот татбиқ шудаанд, беш аз пеш меафзояд. Ин боиси тағийр ёфтани таркиби партовҳои саноатӣ гардид. Ибт. а. 20 чунин мешумориданд, ки ҳавои атмосфераро дуди сӯзишвории сахт ифлос менамояд, Ҳоло бошад, атмосфераро ғайр аз дуд, инчунин аэрозолҳои металлҳои вазнин ва нодир, пайвастҳои синтезие, ки дар табиат вуҷуд надоранд, заҳрҳои химиявӣ ва ғ. ифлос мекунанд.
Ифлос шудани ҳавои атмосфера боиси сар задани ҳодисаҳои номатлуб мегардад. Моддаҳои зарарнок ба саломатии одамон ва растаниҳо таъсири бад расонда, ҳаворо ғуборолуд мекунанд. Бо дарназардошти ин ҳама ба идораҳои дахлдор тасдиқ кардани лоиҳаи сохтмони корхонаҳои саноатие, ки баъди ба истифода додани онҳо атмосфера аз моддаҳои зарарнок ифлос хоҳад шуд (агар дар лоиҳа безараргардонии партовҳо пешбинӣ нашуда бошад), манъ карда шудааст. Тадбирҳои амалии муҳофизати ҳаво дар барномаҳои кишоварзӣ пешбинӣ шуда, онҳоро ҳукумат тасдиқ менамояд.
Мутобиқи моддаи 227 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Олуда сохтани фазо) барои ифлос намудани ҳаво ҷазо муқаррар карда шудааст. Қонунгузории ҶТ оид ба ҳифзи атмосфера масъалаҳои зиёдро дарбар мегирад. Бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки миқдори партовҳоро ба ҳавои атмосфера ва кори дастгоҳҳою иншоотро танзим менамоянд. Ниг . низ Ҳифзи муҳити зист.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …