Хабарҳои охирин

БАЙЗАБАНД

suspensorium

БАЙЗАБАНД (Suspensorium; аз лот. suspensus – овезон), бандинаи махсусест барои нигаҳ доштани хоя. Б. бо таъиноти духтур ҳангоми илтиҳоби хояҳо (ниг. Орхит) ва зоидҳои онҳо (ниг. Эпидидимит), васеъ шудани сиёҳрагҳои танобаки манӣ ва баъди ҷарроҳии узвҳои хоядон истифода мешавад. Дар вақти баъзе бозиҳои спортӣ барои пешгирии осеби хоядон низ бастани …

Муфассал »

БАЙҲАҚӣ Заҳируддин Абулҳасан Алӣ ибни Зайд

images

БАЙҲАҚӣ Заҳируддин Абулҳасан Алӣ ибни Зайд (1106, Сабзавор, музофоти Байҳақ – 1174, ҳамон ҷо), муаррих, мунаҷҷим, математик, табиб ва шоир. Аз оилаи ҳакимони машҳури Фундуқ. Оилаи онҳо бо муаррих Табарӣ қаробат дошт. Дар Нишопур, Марв, Рай таҳсил намуда, илмҳои замонро аз худ кард. Ҳамроҳи падараш Умари Хайёмро зиёрат намудааст. С. …

Муфассал »

БАКТЕРИЕМИЯ

bakteriomiya

БАКТЕРИЕМИЯ (Bacteriaemia; аз бактерияҳо ва haima – хун), дар хун вуҷуд доштани бактерияҳо. Ангезандаҳо ба хун асосан дар мавриди бемориҳои сироятӣ роҳ меёбанд. Миқдори онҳо дар воҳиди ҳаҷми хун ба дараҷаи сироятангезӣ, инчунин аз муқобилати организми мариз вобаста аст. Дар сурати Б.-и бардавом, одатан, сирояти уфунатӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Ҳангоми …

Муфассал »

БАКТЕРИОЛИЗ

bakterioliz

БАКТЕРИОЛИЗ (Bacteriolysis; аз бактерияҳо ва юн. lysis – ҳал шудан, вайрон гаштан), таҷзияи бактерияҳо, ки дар натиҷаи ихтилоли сохтори ҳуҷайраҳо рух намуда, мӯҳтавои онҳо ба муҳит хориҷ мешавад. Б. бинобар таъсири унсурҳои комплемент, моддаҳои гуногуни химиявӣ, ферментҳо, антибиотикҳо, бактериофагҳо ва ғ. ба вуқӯъ мепайвандад.

Муфассал »

БАКТЕРИОЛОГИЯ

bakteriologiya

БАКТЕРИОЛОГИЯ (Bacterioljgia; аз бактерияҳо ва …логия), як соҳаи микробиология, ки ба омӯзиши бактерияҳо машғул аст. Б.-и умумӣ масъалаҳои тасниф, морфология, физиология, биохимия, ирсият, таҳаввул, дар муҳити ғизоӣ паҳн гаштани бактерияҳоро тадқиқ мекунад. Б.-и тиббӣ хосияти бактерияҳои барои одамон касалиовар, роҳҳои ҷудо кардани онҳо, ташхисот, масъалаҳои иммунитет ва ғ.-ро меомӯзад. Б.-и …

Муфассал »