Главная / Илм / БАЙЗАБАНД

БАЙЗАБАНД

suspensoriumБАЙЗАБАНД (Suspensorium; аз лот. suspensus – овезон), бандинаи махсусест барои нигаҳ доштани хоя. Б. бо таъиноти духтур ҳангоми илтиҳоби хояҳо (ниг. Орхит) ва зоидҳои онҳо (ниг. Эпидидимит), васеъ шудани сиёҳрагҳои танобаки манӣ ва баъди ҷарроҳии узвҳои хоядон истифода мешавад. Дар вақти баъзе бозиҳои спортӣ барои пешгирии осеби хоядон низ бастани Б.-ро тавсия медиҳанд. Б. имкон медиҳад, ки танобакҳои манӣ бароҳат қарор гирифта, ҳаракати хун дар хоя беҳтар гардад.
Б. як навъ халтачаи моҳутӣ ё трикотажиест, ки ба камарбанди латтагӣ пайваст мебошад; ба гирди миён ва ронҳо бо тасмачаҳо баста мешавад. Б. ба хоя бояд часпида истад, вале ба он фишор наорад. Агар Б.-и тайёр набошад, онро дӯхтан ё бо докаи дуқабатаи бараш 25 – 30 см ва дарозиаш 80 см иваз кардан мумкин аст (дар он барои олоти таносул сӯрохӣ мебуранд); камарбанд ва тасмачаҳоро аз бандинаи докагӣ месозанд.
Б.-ро пагоҳирӯзӣ, аз ҷогаҳ нахеста, мебанданд ва шаб мекушоянд. Агар Б.-ро аз болои бандинаи марҳамдор низ бастан мумкин аст. Дар он сурат ҳангоми табдили бандинаҳо онро мекушоянд. Бо мақсади тозагӣ ду – се Б. гирифта, онҳоро зуд-зуд шустан лозим аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …