Главная / Илм / БАЙҲАҚӣ Заҳируддин Абулҳасан Алӣ ибни Зайд

БАЙҲАҚӣ Заҳируддин Абулҳасан Алӣ ибни Зайд

imagesБАЙҲАҚӣ Заҳируддин Абулҳасан Алӣ ибни Зайд (1106, Сабзавор, музофоти Байҳақ – 1174, ҳамон ҷо), муаррих, мунаҷҷим, математик, табиб ва шоир. Аз оилаи ҳакимони машҳури Фундуқ. Оилаи онҳо бо муаррих Табарӣ қаробат дошт. Дар Нишопур, Марв, Рай таҳсил намуда, илмҳои замонро аз худ кард. Ҳамроҳи падараш Умари Хайёмро зиёрат намудааст. С. 1148 Б.-ро Султон Санҷар ба дарбор таклиф намуд. Доир ба тиб ва наботот асарҳои «Китобу атъимати-л-марзо» («Китоби хӯроки беморон») ва «Китобу асоми-ил-адвия ва хавосийҳо ва манофийҳо» («Китоби номи давоҳо ва манфиати онҳо»)-ро таълиф кард. Ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ ҷамъ 74 асар эҷод намудааст. Машҳуртарини онҳо «Таърихи Байҳақӣ» давоми «Суввону-л-ҳикма» («Хазинаи ҳикмат»)-и Абӯсулаймон ас-Сиҷистонӣ ва низ «Машорибу-т-таҷориб фи таворих» («Роҳҳои таҷриба дар таърих») мебошанд. Асари якум воқеаҳои таърихии а-ҳои 11 – 12-ро дарбар мегирад. Ҳолномаи Б. дар асари дуюми ӯ зикр ёфтааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …