Хабарҳои охирин

ГНУС

gnus

ГНУС, номи умумии як гурӯҳ ҳашароти хунмаки болдор (пашшаю хомӯшакҳо). Ба Г. тақр. 900 намуди ҳашарот, аз ҷумла пашшаҳо, хомӯшакҳо, харакҳо, кӯрпашшаҳо, хармагасҳо, магасҳо ва ғ. дохил мешаванд. Намуд ва миқдори Г. ба шароити ландшафт ва иқлим вобаста аст. Резишгоҳу дарёбоди рӯдҳо, обанборҳо, киштзорҳои обӣ ҷои афзоиши Г. мебошанд. Зарари …

Муфассал »

ГОВЗИРА

govzira

ГОВЗИРА (Bunium chaerophylloides), гиёҳест хушбӯи бисёрсола. Баландиаш 30 – 70 см. Баргаш паршакл. Моҳи апр. гул карда, моҳи май тухм мебандад. Дар тибби халқӣ бо тухм ва лӯндакрешаи Г. дарди санги гурда, пешобдон, песӣ (витилиго) ва захми даҳонро муолиҷа мекунанд. Г. мисли зира дар байни мардуми машриқзамин бо хушбӯии худ …

Муфассал »

ГОМЕО

gomeo

ГОМЕО… (аз юн. homoios – монанд, якхела), ҳиссаи калимаҳои мураккаб, ки монандиро ифода мекунад, мас., гомеопатия, гомеостаз ва ғ.

Муфассал »

ГОМЕОПАТИЯ

gomeopatiya

ГОМЕОПАТИЯ (Homeopathia; аз юн. homoios – шабеҳ, монанд ва pathos – беморӣ), тарзи муолиҷаест, ки ба қонунияти «шабеҳро бо шабеҳаш табобат мекунанд» («қонуни шабоҳат») асос ёфтааст. Мувофиқи ин қоида ҳангоми муолиҷа вояи андаки он доруҳоеро, ки дар сурати истеъмоли вояи зиёд боиси пайдоиши аломатҳои ба беморӣ монанд мешаванд, истифода мебаранд. …

Муфассал »

ГОМЕОСТАЗ

gomeostaz

ГОМЕОСТАЗ (аз гомео… ва юн. stasis – ҳолат, беҳаракатӣ), дар физиология, ҳолати динамикии нисбатан якхелаи таркибу хосиятҳои муҳити дохилӣ ва устувории функсияҳои асосии физиологии организми одам, ҳайвонот ва растанӣ. Истилоҳи «Г.»-ро с. 1929 физиологи америкоӣ У. Кеннон пешниҳод намуд. Г. чун натиҷаи муносибатҳои мураккаби координатсиявӣ ва танзим, ҳам дар организми …

Муфассал »