Хабарҳои охирин

ГЛОМЕРУЛОНЕФРИТ

glomerulonefrit

ГЛОМЕРУЛОНЕФРИТ (Glomerulonepheritis; аз лот. glomerulus – калобача ва нефрит), бемории гурда. Дар мавриди Г. калобачаҳои гурда илтиҳоб пайдо мекунанд. Ниг. низ Нефрит.

Муфассал »

ГЛУТАТИОН

glutation

ГЛУТАТИОН, моддае, ки дар раванди оксиду барқароршавӣ дар организми одаму ҳайвонот иштирок мекунад. Г. фаъолияти баъзе гормонҳои табиаташон сафедавиро пурзӯр карда, ба таъсири ферментҳои гуногун тақвият мебахшад, барои оксигенро пайваст намудани гемоглобин ва онро аз шуш ба бофтаҳо кашондани хун мусоидат менамояд. Г. трипептид буда, моллекулаи он аз боқимондаи кислотаи …

Муфассал »

ГЛЮКАГОН

glucagon

ГЛЮКАГОН, як навъ гормон, антагонисти физиологии инсулин. Г. дар танзими мубодилаи карбогидратҳо иштирок карда, ба мубодилаи чарбу таъсир мерасонад, ба фаъолияти ферментҳое, ки чарбуро таҷзия мекунанд, тақвият мебахшад. Г. пептид аст. Онро асосан алфа-ҳуҷайраҳои ҷазирачаи ғадуди зери меъда синтез мекунад. Муқаррар шудааст, ки Г. аз ҷониби ҳуҷайраҳои махсуси луобпардаи рӯдаи …

Муфассал »

ГЛЮКОЗА

glukoza

ГЛЮКОЗА (юн. glykys – ширин), қанди ангур, декстроза, C6H12O6, карбогидрат аз гурӯҳи гексозаҳо; дар табиат фаровон аст. Кристалли беранг, t гуд. 146,50С, дар об нағз ҳал мешавад; аз ҷиҳати оптикӣ фаъол; қисми муҳими таркиби организмҳои зинда. Г. барои аксари организмҳо манбаи энергия мебошад. Организм Г.-ро дар табаддулоти анаэробӣ, ки аз …

Муфассал »

ГЛЮКОНАТИ КАЛТСИЙ

calsiy-glukonat

ГЛЮКОНАТИ КАЛТСИЙ (Calcium gluconate), як навъ дору; дар шакли маҳлул ва қурс истеҳсол мешавад. Г. к.-ро барои муолиҷаи норасоии калтсий, гипопаратиреоз, ихтилоли витамини D (рахит, спазмофилия, остеомалятсия, гиперфосфатемия, хуншориҳои сабабашон гуногун, бемориҳои аллергӣ (саглес, хориш, дерматозҳои хоришнок, варами ангионеврозӣ), зиқи нафас, сили шуш, эклампсия, заҳролудии ҷигар, нефритҳо ва ғ. истифода …

Муфассал »