Главная / Илм / ГИДРОЛИЗ

ГИДРОЛИЗ

gidrolizГИДРОЛИЗ, реаксияи химиявии байни об ва ягон модда. Г.-и намакҳо ба қонуни таъсири массаҳо итоат мекунад. Агар ҳангоми Г. моддаи ҳалнашаванда ё зудбухор ҳосил гардад, Г. то комилан вайрон шудани намаки гидролизшаванда давом меёбад. Намакҳои аз асоси қавӣ ва кислотаи қавӣ ҳосилшуда Г. намешаванд, зеро ҳангоми таъсири мутақобили онҳо ва об электролитҳои заиф ба вуҷуд намеоянд. Намакҳои кислотаҳои бисёрасоса ё асосҳои бисёркислота зина ба зина Г. мешаванд.
Гидролазаҳо барои ҳазми хӯрок, мубодилаи моддаҳо, карбогидратҳо ва равған аҳамияти калон доранд. Тағйир ёфтани фаъолияти баъзе гидролазаҳо дар хун, шираи меъда, рӯда ва ғадуди зери меъда барои ташхиси бисёр бемориҳо муҳим аст. Чунин гидролазаҳо ба монанди трипсин, химотрипсин, эластолитин, гиалуронидаза (лидаза, ронидаза), коллагеназа ва ғ. дар тиб ба сифати дору кор фармуда мешаванд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

exnologiyai-info

РАВАНДҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ

Тавре қайд кардем, мафҳуми информатсия бо амалиётҳои дарёфт, ғункунӣ, қабул, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, ирсол, сабт …