Хабарҳои охирин

ГЕМОФИЛИЯ

gemofiliya

ГЕМОФИЛИЯ (Haemophilia; аз гемо… ва philia – майл), бемории ирсӣ, ки ба он хунравии аз эътидол зиёд хос аст; яке аз шаклҳои диатези хунрез. Г. аз норасоии омиле, ки барои бастани хун зарур аст, пайдо мешавад. Ба Г. фақат мардон гирифтор мешаванд, зеро ки онро аз модари зоҳиран солими худ …

Муфассал »

ГЕМОФТАЛМ

gemoftalm

ГЕМОФТАЛМ (аз гемо… ва юн. ophthalmos – чашм), дар ҷавфи ғӯзаи чашм ғун шудани хун. Сабаби он осеби чашм ва бемориҳои умумӣ (бемории гиппертония, диабети қанд ва ғ.) мебошанд. Хуне, ки ба ҷисми шишамонанд рехтааст, тадриҷан ҷаббида мешавад. Дар аснои Г. баъзан бинобар ҳамроҳ шудани зуком шабакияи чашм кӯчида, боиси …

Муфассал »

ГЕМОХРОМАТОЗ

gemokhromatoz

ГЕМОХРОМАТОЗ (аз гемо… ва юн.chroma, chromatos – ранг), сидерофилия, диабети биринҷӣ, сиррози пигментӣ, бемории ирсӣ, ки боиси ихтилоли мубодилаи оҳан ва аз роҳи ҳозима бисёр ҷаббида шудану дар бофтаҳо таҳшон гаштани он мешавад. Беморӣ фақат дар мардҳо дучор меояд. Баъзан бо аломатҳои сиррози ҷигар ва диабети қанд, ҳамчунин ранги биринҷӣ …

Муфассал »

…ГЕН

genes

…ГЕН (аз юн. genes – тавлидкунанда, тавлид шудан), қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки пайдоиш ё ҳосил шудани ягон чизро ифода мекунад, мас., гликоген.

Муфассал »

ГЕН

gen

ГЕН(юн. genos – мабдаи насл, пайдоиш), воҳиди оддитарини ирсият. Г. як қисми молекулаи кислотаи дезоксирибонуклеат – КДН (дар баъзе вирусҳо кислотаҳои рибонуклеат – КРН) мебошад. Аввалин фарзияи назариявии ба насл гузаштани нишонаҳои волидонро ҳанӯз донишмандони Юнони Қадим Демокрит, Буқрот ва диг. баён карда буданд. Аммо мавҷудияти омилҳои оддитарини ирсиро табиатшиноси …

Муфассал »