Главная / Илм / ГЕМОФТАЛМ

ГЕМОФТАЛМ

gemoftalmГЕМОФТАЛМ (аз гемо… ва юн. ophthalmos – чашм), дар ҷавфи ғӯзаи чашм ғун шудани хун. Сабаби он осеби чашм ва бемориҳои умумӣ (бемории гиппертония, диабети қанд ва ғ.) мебошанд. Хуне, ки ба ҷисми шишамонанд рехтааст, тадриҷан ҷаббида мешавад. Дар аснои Г. баъзан бинобар ҳамроҳ шудани зуком шабакияи чашм кӯчида, боиси нобиноӣ мегардад. Г.-ро бо роҳи биомикроскопияи чашм муқаррар месозанд.
Ҳангоми гумон бурдан аз Г. беморро ба назди духтури офталмолог фиристодан лозим аст. Барои табобати Г. сабаби онро бояд бартараф кард. Дар мавридҳои созгор биноӣ қисман ё пурра барқарор мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …