Главная / Илм / ГЕМОХРОМАТОЗ

ГЕМОХРОМАТОЗ

gemokhromatozГЕМОХРОМАТОЗ (аз гемо… ва юн.chroma, chromatos – ранг), сидерофилия, диабети биринҷӣ, сиррози пигментӣ, бемории ирсӣ, ки боиси ихтилоли мубодилаи оҳан ва аз роҳи ҳозима бисёр ҷаббида шудану дар бофтаҳо таҳшон гаштани он мешавад. Беморӣ фақат дар мардҳо дучор меояд. Баъзан бо аломатҳои сиррози ҷигар ва диабети қанд, ҳамчунин ранги биринҷӣ гирифтани пӯст ба вуқӯъ мепайвандад. Мумкин мушаки дил ва узвҳои дигар низ осеб ёбанд.
Бо мақсади табобати Г. аз истеъмоли маҳсулоте, ки дар таркибашон оҳан мавҷуд аст (ҷигар, забон, лӯбиё), худдорӣ мекунанд; истифодаи давоҳое, ки аз организм оҳанро хориҷ мекунанд, натиҷаи дилхоҳ медиҳад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …