Главная / Илм / ГЕМОГЛОБИН

ГЕМОГЛОБИН

gemoglobinГЕМОГЛОБИН (Hb; Haemoglobinum; аз гемо… ва лот. globus – кура), пигменти асосии нафаскашии одам, ҷонварони мӯҳрадор ва бисёр ҳайвоноти бемӯҳра; дар таркиби эритроситҳо мавҷуд буда, оксигенро аз узвҳои нафас ба бофтаҳо ва гази карбонатро аз бофтаҳо ба узвҳои нафас интиқол медиҳад.
Молекулаи Г., ки сафедаи мураккаб аст, аз қисми сафедавии глобин ва гурӯҳи ғайрисафедавии оҳандор (гема) таркиб ёфтааст. Оҳаки гема метавонад як молекулаи оксигенро пайваст намояд; дар ин маврид Г. ба оксигемоглобин (HbO2) мубаддал мегардад. Силсилаи гемоглобин – оксигемоглобин аз ҷумлаи системаҳои буферии хун буда, мувозанати кислотаю ишқорҳоро таъмин менамояд. Дар раванди оксигенро озод кардани Г. ионҳои гидроген, фосфатҳои органикӣ (хусусан, 2,3- дифосфоглитсерат), намакҳои ғайриорганикӣ, ҳарорат ва ғ. (яъне омилҳое, ки бузургии қаробати Г.-ро нисбати оксиген вобаста ба талаботи организм назорат мекунанд) таъсири калон мерасонанд.
Г. ҳангоми таъсири тарафайн бо гази ғубор СО (қаробати он бо Г. нисбат бо оксиген 300 маротиба бештар аст) карбоксигемоглобин HbCO ҳосил мекунад (он наметавонад оксигенро пайваст созад). Ҳангоми ба Г. таъсир расондани баъзе оксидкунандаҳо оҳани дувалентаи гема то оҳани севалента оксид ва метгемоглобин ҳосил мешавад (он наметавонад оксигенро пайваст созад).
Глобин ва гем ба ҳамдигар таъсири калон мерасонанд: глобин хосияти гемро тағйир дода, онро ба пайваст намудани оксиген қодир менамояд; гем бошад, ба глобин устуворӣ мебахшад.
Глобини Г.-и одам аз чор занҷири полипентидӣ иборат аст. Одатан, дар эритроситҳои одам қисми бештари Г.-ро HbА ташкил медиҳад. Ба фраксияҳои хурди Г.-и одам HbҒ ва HbА2 мансубанд. Дар мавриди гемоглобинопатияи модарзодӣ, ки хусусияти ирсӣ дорад, Г.-ҳои ноқис ба вуҷуд меоянд.
Биосинтези Г. дар эритроситҳои нав (эритробластҳо, нормабластҳо, ретикулоситҳо) ба вуқӯъ мепайвандад; катаболизми он бошад, дар эритроситҳое, ки сикли ҳаёти худро ба охир мерасонанд, оғоз меёбад. Ҳангоми аз эритросит баромадан, Г.-ро сафедаи гаптоглобин (Hр) пайваст менамояд. Глобин дар гурдаҳо таҷзия мешавад, вале катаболизми гема дар ҷигар, мағзи устухон ва сипурз сурат мегирад. Оҳане, ки дар ин маврид озод гаштааст, барои синтези молекулаҳои нави Г. истифода мешавад.
Дар хун миқдори Г. ба 130 – 160 г/л (дар мардҳо) ва 120 – 140 г/л (дар занҳо) баробар мебошад; паст гаштани нишондоди мазкур дар баробари коҳиши адади эритроситҳо дар воҳиди ҳаҷми хун, нишонаи анемия низ маҳсуб мешавад. Миқдори Г.-и таркиби хунро бо гемометр (ниг. Гемоглобинометрия) чен мекунанд.
Дар хун Г.-ҳо амалан дар эритроситҳо ҷой доранд; миқдори он дар плазмаи хун 10 – 40 г/л аст (ниг. Гемоглобинемия).
Ҳангоми баъзе бемориҳо Г. аз эритроситҳо ба плазма «мегузарад» (ниг. Гемолиз). Боқимондаи Г., ки дар ҷомчаҳои гурда ҷаббиш наёфтааст, бо пешоб хориҷ шуда, ранги онро тира месозад (ниг. Гемоглобинурия).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …