Главная / Илм / ГЕМОБИЛИЯ

ГЕМОБИЛИЯ

gemobiliyaГЕМОБИЛИЯ (Haemobilia; аз гемо… ва bilis – талха), аз талхароҳа ба роҳи меъдаю рӯдаҳо шоридани хун. Дар мавриди осеби пӯшидаи талхадон ва ҷигар, бемории санги талха, холесистит, саратон, думбал ва гемангиомаи ҷигар, аневризмаи артерияи ҷигар ва ғ. мушоҳида мешавад. Г. имкон дорад дар вақти пунксия (биопсия)-и ҷигар низ рух намояд. Сабаби асосии хуншорӣ ба маҷрои талха, осеб ёфтани паренхимаи ҷигар аст. Дард кардани зери қабурғаи рост (халаи ҷигар), нишонаҳои хуншории меъдаю рӯда, зардпарвин аломатҳои Г. маҳсуб мешаванд.
Ҳангоми гумон бурдан аз Г. маризро зуд дар беморхона хобондан лозим аст. Дар сурати натиҷаи дилхоҳ надодани табобат бо доруҳо ба амалиёти ҷарроҳӣ даст мезананд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …