Хабарҳои охирин

ГЕЛОС

gelos

ГЕЛОС (Cerasus avium), як навъ дарахти мева. То 25 м қад мекашад. Барги байзашакл, гули сафед, меваи донакдори сурх, зард ё сиёҳ дорад. Г.-ро барои тархурӣ, тайёр кардани хушоб, шарбат, нӯшоба, мураббо истифода мебаранд. Шира ва шарбати Г. дар истеҳсоли нӯшобаҳо, ликёр ва саноати қаннодӣ ба кор меравад. Аз тухми …

Муфассал »

ГЕМ

gem

ГЕМ…, гемато…, гемо…, қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки хунро ифода мекунанд, мас., гемангиома, гемартроз, гематома.

Муфассал »

ГЕМАНГИОМА

haemangioma

ГЕМАНГИОМА (аз гемо…, angeion – раг ва …ома – омос), омоси ғайрисаратонӣ, ки бинобар нуқси инкишоф дар рагҳои хунгард падид меояд. Г. метавонад дар луобпардаҳо, мас., ҷавфи даҳон, ҷигар ва ғ. пайдо шавад, вале дар бештарин мавридҳо он дар пӯст, хусусан пӯсти рӯй ва гардан ҷой мегирад. Г. бисёр вақт …

Муфассал »

ГЕМАРТРОЗ

gemartroz

ГЕМАРТРОЗ (Haemarthrosis; аз гемо… ва arthron – банд), хуншорӣ дар ҷавфи банд. Бештар дар натиҷаи зарбу лат хӯрдан, гоҳо ҳангоми баъзе бемориҳо, мас., гемофилия ва зангила падид меояд. Дар аснои Г. бандҳо варам карда, дардманд мешаванд; фаъолияти онҳо маҳдуд мегардад. Бо мақсади расондани кӯмаки аввалин банди иллатиро сахт мебанданд, ба …

Муфассал »

ГЕМАТО

gemato

ГЕМАТО…, гемо…, қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки ба хун нисбат доранд, мас., гематология, гематома, гематурия.

Муфассал »