ДЕРМА (юн. derma – пӯст), қисми пӯсти ҳайвонҳои мӯҳрадор ва одам, ки дар зери эпидермис ҷой гирифтааст. Д. аз ду қабат иборат аст: қабати болоӣ ва қабати поёнӣ. Қабати болоӣ асосан вазифаи ғизогирии эпидермис ва ҳосилаҳои он (ғадудҳо, пар, мӯй)-ро иҷро мекунад; вай рагҳои зиёд ва сохти ковок дорад. Қабати поёнӣ аз бофтаи пайвандкунандаи зич иборат буда, асосан вазифаи такягоҳро ба ҷо меорад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …