Главная / Илм / ДЕРАТИЗАТСИЯ

ДЕРАТИЗАТСИЯ

deratizaciyaДЕРАТИЗАТСИЯ (Deratisatio; аз де … ва франс, rat – калламуш), нобуд кардани хояндаҳое, ки ба кишоварзӣ зарари иқтисодӣ расонда, ҳамчунин манбаъ ё паҳнкунандаи ангезандаи бемориҳои сироятии одамон мебошанд. Д. тадбирҳои профилактикӣ ва маҳвсозиро дарбар мегирад.
Аз лонаю хӯрок маҳрум кардани хояндаҳо, пешгирӣ намудани афзоиш, ба биноҳо роҳ надодани онҳо аз ҷумлаи тадбирҳои пешгирӣ маҳсуб мешаванд. Бинобар ин ғалла, орд, сабзавот, гӯшт ва диг. озуқавориро фақат дар хаммаҳои анбор ва дар зарфҳои даҳонашон баста нигоҳ медоранд. Ба равзану сӯрохҳои ҳаводаро симтӯр мекашанд, ба лонаи хояндаҳо шишамайда рехта, роҳи даромадашонро бетон мекунанд, ба тирезаи таҳхона ва чердакҳо оина мешинонанд. Тадбирҳои маҳвсози (биологӣ, механикӣ, химиявӣ)-ро ҳатман бо усулҳои пешгирӣ якҷоя мегузаронанд.
Усулҳои биологии Д. ба тавассути гурба, саг ва баъзан хорпушт нест кардани хояндаҳоро дар назар дорад.
Тарзи механикии Д. истифодаи домҳои гуногунро дарбар мегирад. Барои ҳар чӣ бештар доштани хояндаҳо аввал муддати 7 – 10 рӯз ба назди домҳои беназорат хӯрокворӣ гузошта, хояндаҳоро ба хӯрдани он одат мекунонанд. Фақат баъди ин домро ба назорат мегиранд, лекин хӯрокворӣ бояд бӯю лаззати бегона надошта бошад. Ба дом озуқаҳои тоза – нони равғанин, ҳасиб, сабзӣ, қанд ва ғ. мегузоранд.
Моҳияти усули химиявии Д. аз он иборат аст, ки ба хӯроки хояндаҳо заҳрҳои гуногун ҳамроҳ мекунанд. Барои тайёр кардани хӯроки заҳролуд ба нон крисид, зоокумарин ва диг. моддаҳоро бо равғани растанӣ (ба 100 г нонреза 2 – 3 г равған ва 1 – 2 г крисид ё 95 г омехтаи зоокумарину оҳар) ҳамроҳ кардан лозим аст. Аввал ба хояндаҳо чанд рӯз хӯроки безаҳр медиҳанд, сипас дар муддати 4 – 5 рӯз ғизои заҳролудро ба кор мебаранд; дар рӯзи 7-ум бақияи хӯроки заҳрнокро нест мекунанд. Баъзан ба об крисид ё зоокумарин пошида мемонанд. Хӯроки заҳрнокро дар ҷойҳои барои кӯдакон ва ҳайвоноти хонагӣ дастнорас бояд гузошт. Ба даромадгоҳи лонаҳо низ доруҳои химиявӣ пошидан мумкин.
Ҳангоми ба заҳр сарукор доштан, эҳтиёт шудан лозим аст. Баъди ба дом гузоштани хӯроки заҳролуд даст ва зарфҳоро бо оби гарму собун мешӯянд; крисид ва зоокумаринро дар банкае, ки ба рӯяш «заҳр» навишта шудааст, мегирад ва дар шкаф қулф мекунанд. Ҳангоми заҳролудӣ бояд фавран ба духтур муроҷиат кард.
Дар шароити шаҳр Д. кардани манзилҳои алоҳида ҳамеша натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, зеро хояндаҳо, одатан, дар тамоми бино сокин мешаванд ва аснои дар як хона гузаронидани тадбирҳои маҳв ба хонаи дигар мегурезанд. Аз ин лиҳоз, мавриди пайдоиши хояндаҳо ба стансияҳои санитарию эпидемиологӣ хабар додан лозим аст, то ки биноро пурра Д. кунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …