Главная / Илм / ДЕРМАТИТҲО

ДЕРМАТИТҲО

dermatithoДЕРМАТИТҲО (Dermatitis), газаки пӯст, як навъ бемории пӯст, ки аз таъсири ангезандаҳои берунӣ – моддаҳои химиявӣ, омилҳои физикӣ, инчунин аз таъсири моддаҳои наботӣ ба вуҷуд меояд. Д. бештар ҳангоми дар рӯзгор ва истеҳсолот бо моддаҳои гуногуни химиявӣ, яъне бо кислотаҳо, ишқорҳо, сода, скипидар, рангҳои анилинӣ ва ғ. сарукор доштан, инчунин дар натиҷаи ба пӯст молидани доруҳои гуногун (хусусан аснои худмуолиҷа) пайдо мешавад. Агар пӯст ба таъсири йод, симоб, новокаин, синтомитсин, стрептосид ва ғ., ки дар намуди маҳлул, зимод, хамира ва эмулсия истифода мешаванд, ниҳоят ҳассос бошад, Д. инкишоф меёбад.
Д. аз ангезиши механикӣ, мас., соиш хӯрдан ё пӯшидани пойафзоли танг низ ба вуҷуд меояд. Ба Д.-е, ки ангезандаи он ҳарорат аст, сӯхтагӣ ва сармозанӣ мансубанд. Нури офтоб, ҷараёни электр низ боиси Д. мегардад. Баъзан агар анҷибар, юған, шақоқул, ғеша ва баъзе растаниҳои диг. ба пӯсти одам расанд, Д. инкишоф меёбад.
Муҷиби Д. шудани баъзе васоити ороиш (косметикӣ)-ро низ набояд фаромӯш кард. Туш ва ранг барои мӯй баъзан боиси варам кардан ва сурх шудани пӯсти рӯй ва пилки чашмон мегарданд. Кремҳои ороиш ва лосйонҳо дар сурати нодуруст нигоҳ доштан ва вайрон шудан, метавонанд ангезиши сахти пӯстро ба вуҷуд оранд.
Шиддат ва давомоти ҷараёни газак нафақат ба таъсири ангезанда, балки ба ҳолати умумии организм низ вобаста аст. Ҳассосии пӯсти одамон ҳар хел мебошад: ангезандае, ки ба пӯсти як кас тамоман таъсир намерасонад, дар пӯсти шахси дигар боиси Д. мегардад (ин аломати ба ангезанда ниҳоят ҳассос будан аст; ниг. Аллергия). Пӯсти кӯдакон нисбат ба пӯсти одами калон ба омилҳои химиявию физикӣ ҳассосияти бештар дорад. Ҳангоми Д. пӯст сурх шуда метасфад, варам, хориш ва сӯзиш мекунад. Дар ҷои сурхшудаи пӯст обила ба вуҷуд меояд, ки дар аснои кафидан, аз он об баромада, карахш мебандад.
Тавре ки қайд карда шуд, Д. афканишотӣ, электрӣ, осебӣ, химиявӣ, доруӣ ва наботӣ мешаванд.
Д.-и афканишотӣ зери таъсири нурҳои офтоб, афканишоти ултрабунафш, ионнок ва ғ. рух менамоянд. Дараҷаи осеб ёфтани пӯст ба дарозии мавҷ ва давомоти таъсири он вобаста аст. Сабаби асосии Д. аз афканишоти ионнок таъсири зиёновари алфа-, бета- ва гамма-нурафканӣ, инчунин афканишоти нейтронӣ ё рентгенӣ мебошанд. Ҳангоми зиёд будани ҳассосияти пӯст ба афканишоти ултрабунафш, мас., дар аснои албинизм ва пеллагра ҳатто аз таъсири кӯтоҳмуддати ангезаҳо пӯст сухта обила мекунад.
Д.-и электрӣ дар натиҷаи ба пӯст зарар расондани ҷараёни барқ ба вуҷуд меоянд. Дар ҷойҳои ба пӯст даромада ва баромадаи ҷараёни электр «аломатҳои барқ» ба мушоҳида мерасанд. Онҳо бедард буда, илтиҳоб пайдо намекунанд, мӯи ҷои осебдида намерезад (фарқи он аз сӯхтагӣ дар ҳамин аст). Захм баъди 3 – 4 ҳафта шифо меёбад.
Д.-и осебӣ бинобар таъсироти механикӣ пайдо мешаванд. Аломатҳои онҳо ба қувваи зарба, хусусияти пӯст ва давомоти омили зиёновар вобаста мебошанд. Осеби андак метавонад боиси каме сурх шудани пӯст гардад. Дар мавриди сахт лат хӯрдан пӯст обила мекунад, захмдор мешавад.
Д.- и химиявӣ бинобар таъсири кислотаҳо, ишқорҳо, намакҳои хром, калий, натрий ва ғ. инкишоф меёбанд. Онҳо пӯстро сӯзонда, боиси дард ва захм мешаванд. Ҳангоми осеби андак пӯстро зуд бо оби гарм шустан лозим аст (беҳтараш узвро дурудароз ба зери об гирифт). Д.-и аллергӣ бар асари моддаҳои гуногуни химиявӣ ба вуҷуд меоянд; бисёр вақт онҳо ба экзема монанд мешаванд. Пӯст хориш мекунад. Фарҷоми беморӣ нек аст.
Д.-и доруӣ дар баъзе одамон бинобар таъсири доруҳо, мас., новокаин, антибиотикҳо, аминазин, резортсин, клеол, скипидар ва ғ. пайдо мешаванд. Д. имкон доранд аз истифодаи ланолин, вазелин, марҳамҳои синтезӣ ва ғ. низ сар зананд. Бештар дар панҷаҳо, баъзан дар рухсора ва гардан падид меоянд. Д.-и йодӣ бинобар истифодаи нодурусти маҳлули спиртии йод ба вуҷуд омада, пӯст обила мекунад. Дар мавриди қатъи тамос бо дорувор Д.-и доруӣ пурра шифо меёбанд.
Сабаби Д.-и наботӣ растаниҳои аллергияовар мебошанд. Онҳо, одатан, бо хоришу сӯзиш падид омада, баъзан пӯст варам ва обила мекунад. Ҳатто мумкин аст дил беҳузур шуда, бемор қай кунад, таб баланд ва ғуддаҳли лимфавӣ калон шаванд.
Д.-ро мувофиқи таъиноти духтур табобат мекунанд. Худмуолиҷа мумкин аст боиси афзун гаштани Д. шавад. Зудтар барҳам додани омилҳои ангезандаи Д., яъне аз рӯи пӯст дур кардани бақияи моддаҳои химиявӣ, ангезандаи механикӣ ва ғ. аҳамияти калон дорад. Минбаъд дар аснои табобат пӯсти осебдидаро шустан (хусусан бо собун) мумкин нест, то ки газак авҷ нагирад.
Барои пешгирии Д. риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ аҳамияти калон дорад. Ҳангоми сару кор доштан бо моддаҳои ангезишовар, ҷараёни электр ва фаъолият дар муҳити ҳарораташ баланд ё паст аз воситаҳои муҳофизат (зимод барои даст, дастпӯшак, либоси махсус ва ғ.) истифода бурдан лозим аст. Аз такроран молидани марҳам, крем ва ғ., ки боиси ангезиши пӯст мегардад, бояд худдорӣ кард.
Ад.: Зоиров П. Т., Бемориҳои пӯст, Д., 1999; Ҳамон муаллиф, Болезни кожи Д., 2002; Ҳамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

П.Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …