Главная / Илм / ДЕОНТОЛОГИЯ

ДЕОНТОЛОГИЯ

deontologiyaДЕОНТОЛОГИЯ (аз юн. deon – зарурӣ, даркорӣ, вазифашиносӣ ва логия), илмест дар бораи иҷрои вазифа ва масъалаҳои одобу ахлоқи кормандони тиб ва самаранокии муолиҷа. Д.-ро ҳамчун истилоҳи ифодакунандаи назарияи ахлоқ ох. а. 18 файласуфи англис И. Бентам пешниҳод кардааст.
Д.-и тиббӣ ҷамъбасти қоидаю талабот оид ба иҷрои вазифа, одобу рафтор ва масъулияти духтур нисбат ба ҳаёт ва саломатии бемор, муносибати ӯ бо ҳамкасбон ва аҳли ҷамъият мебошад. «Қасамномаи духтур»-и Буқрот ба рафтори поку шоистаи духтурон бахшида шуда то имрӯз моҳияти худро гум накардааст.
Д. масъалаҳои махфӣ доштани сирри касбии духтурон, инчунин қонунҳоеро дарбар мегирад, ки дар асоси онҳо ҳангоми нодуруст табобат кардан ё бар зарари саломатии беморон амал намудан, духтурон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Дар тибби форсу тоҷик аксари қоидаву назарияҳои Д. ҳамчун панднома ё оини пизишкӣ ба пайдоиши аввалин сарчашмаҳои тибби ниёгонамон (а-ҳои 13 – 6 то м.) алоқаманд буда, дар баробари пешрафт ва тараққиёти иҷтимоӣ, илму фарҳанг ва дигаргуниҳои сохти ҳаёти мардуми мо рӯз то рӯз серталаб ва ҷиддитар гардидаанд. Мувофиқи он пандномаҳо пизишк ҳамчун шифобахш ва муҳофизи саломатӣ бояд доимо зоҳиран ва ботинан пок, одилу меҳрубон, фаъолу фидокор, хушахлоқу хушрафтору хирадманд бошад. Дар ин хусус Абӯалии Сино чунин гуфтааст: «Пизишк бояд мисли боз тезчашм, мисли маҳбуба латифдаст, мисли мор ҳушёр ва мисли шер далер бошад». Ва боз «Табиб бояд ҳалиму хоксор, накӯкор, софдил, беғаразу ҳақгӯй бошад».
Муҳаммад Закариён Розӣ (865 – 925) навиштааст: «Шахсе, ки худро ба хизмати тиб бахшидааст, пеш аз ҳама, бояд босаводу хоксор, ростгӯй ва одамдӯст бошад…». Алӣ бинии Ал-Аббос Ал-Маҷусии Аҳвозӣ (ваф. с. 994) дар «Панднома ё оини пизишкӣ»-аш менависад: «…Пизишк бояд пок ва хушзабон ва накӯравиш бошад ва аз ҳар нопокӣ, палидӣ ва гуноҳ дурӣ ҷӯянд. Нисбат ба занон чӣ бону ва чӣ каниз набояд аз назари бад нигоҳ кунад».
Ба ташхису муолиҷаи босамар ҳамон вақт метавон ноил гашт, ки агар дар коллективи муассисаи табобатӣ ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон бошад, талаботи Д. қатъӣ риоя карда шавад. Мариз бояд ба духтур бовар дошта бошад, ба ӯ умед бандад. Хусусан шиносоии аввалин бо маризе, ки ба қабули духтур омадааст ё дар беморхона бистарӣ гаштааст, аҳамияти калон дорад. Бо бемор муносибати сард ва беэътиноӣ кардан лозим нест. Мутобиқ гаштан ба шароити беморхона бояд барои ӯ гарон набошад; кормандони тибро зарур аст, ки аз лаҳзаҳои аввал ба ӯ ғамхорӣ зоҳир намоянд, корҳои парасториро хуб ба роҳ монанд. Бояд нафақат кормандони тиббӣ, балки худи бемор низ ба шифои комил бовар дошта бошад, ӯ ҳис намояд, ки барои табобат духтурон ҳама кори аз даст меомадаро мекунанд.
Духтур бояд ҳангоми сӯҳбат бо мариз вазъи рӯҳӣ, заковат, маълумот, касбу кор ва шахсияти ӯро ба эътибор гирад. Маризро гӯш кардан лозим аст; бояд ҳаракат намуд, ки ҳисси тарс ва нооромӣ аз дили ӯ рафъ шавад. Дар мавриди сӯҳбат бо бемор ба оҳанги гуфтугӯ диққат додан муҳим аст, зеро мариз аз ҳар сухан, ишора ва ҳаракатҳои духтур хулосаи зарурӣ мебарорад. Духтур ҳамон вақт ба дунёи ботинии мариз метавонад ворид гардад, ки агар муносибати ӯ ҳақиқатан ҳам дилсӯзона бошад.
Парасторон бояд тозаю озода, зебою хушсурат, чеҳракушод бошанд. Бо беморон расмиятпарастӣ кардан лозим нест, зеро ин гуна рафтор ба муносибати самимии байни кормандони тиб ва маризон халал ворид месозад.
Яке аз талаботҳои асосии Д. маҳфуз доштани сирри бемор аст. Мариз аз бемории худ ба ҳарос афтода, ба корманди тиб сири дилашро мекушояд. Аз ин бояд дигарон ба ҳеҷ ваҷҳ огоҳ наёбанд. Зарурати маҳфуз мондани сирри бемор дар қонунгузориҳо низ дарҷ шудааст. Корманди тиб ҳуқуқ дорад фақат он маълумотеро ифшо созад, ки агар ба саломатии дигарон хатар дошта бошад (мас., маълумот оиди бемориҳои сироятӣ, суст будани босира дар ронандагони нақлиёт ва ғ.); дар ин маврид духтур бояд аз сурати ҳол мақомоти марбутаро огоҳ созад.
Аз бемории вазнин огоҳ шудани бемор, одатан, самараи муолиҷаро паст мекунад. Бинобар ин дар ҳуҷҷатҳое, ки ба мариз дода мешаванд бисёр вақт номи бемории вазнинро қайд намекунанд (аз қазия фақат яке аз хешовандони наздики ӯро огоҳ менамоянд). Муносибат байни хешовандони бемор ва кормандони тиб низ масъалаи муҳими Д. маҳсуб мешавад. Ба ҳар ҳол муносибати онҳо бояд ба манфиати бемор сурат гирад.
Кодекси байналхалқии Д.-ро Ҷамъияти умумиҷаҳонии духтурон дар Женева (с. 1949) қабул кардааст.
Ад.: Писарев Д.И., Основные проблемы врачебной этики и медицинской деонтологии, М., 1969; Нуралиев Ю.Н.,Вопросы врачебной этики в произведениях таджикско-персидских учёных медиков, «Здравоохранение Таджикистана», 1977, № 2.

Ю.Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …