Главная / Илм / ДЕВГАНДУМ

ДЕВГАНДУМ

devgandumДЕВГАНДУМ (Agrostemma githago), гиёҳест худрӯй. Пояаш рост (30 – 80 см)-и камшоха, баргаш борики дароз ва нештармонанд. Гулаш тоқа-тоқа, калон, гулобӣ. Баргу пояаш серпашмак. Ғӯзааш то 40 дона тухм (дарозиаш 2,5 – 3,5 мм) дорад; тухмаш гурдашакл; тухми расидааш 98 – 100% месабзад. Д. дар водиҳои паст ва доманакӯҳҳо мерӯяд. Хусусан дар ноҳияҳои шим. ҷумҳурӣ ва водии Ҳисор бисёр аст. Алафи бегонаи киштзор мебошад. Дар таркибаш 5 – 6% фоиз сапонин дорад, ки барои чорво заҳрнок аст. Дар таркиби тухмаш то 6,56% гликозиди заҳрноки гитагин ё агростемин мавҷуд аст. Бинобар ин ғаллае, ки 0,53% омехтаи тухми Д. дорад, барои одам ҳам хавфнок мебошад.
Табибони халқӣ нақеъи алафи Д. – ро барои дармони бемориҳои илтиҳобӣ ва дарди меъда кор мефармоянд. Нақеъи тухми онро дар мавриди сурфакабутак, хунравии бачадон ва чун давои пешоброн, киҷҷарон, балғамрон тавсия медиҳанд. Табибони халқии булғорӣ алаф ва тухми Д. – ро бо мақсади табобати пучак, бавосир, илтиҳоби пӯст истифода мебаранд (онро тарбандӣ мекунанд). Агар кӯфтаи онро гузошта банданд, хорро аз бадан кашида берун меорад, моддаҳои рӯи узвро пок мекунад. Онро бо шароб хамир сохта гузошта банданд, дарди суринро дафъ мекунад; бо сирко пухта, бо равғани зайтун сиришта гузошта банданд, шукуфаҳои пӯст, хоришак ва қӯтури решгаштаро шифо мебахшад; бо асал хамир сохта гузошта банданд, ниқрисро ба ибро меоварад; бо орди гандум даромезанду бипошанд, шукуфаҳои пӯст ва решҳои дигарро сиҳат мебахшад. Агар касе Д.-ро хӯрда бошад, давояш равған ва шир хӯрда қай фармудан аст.
Д. растании заҳрнок аст. Бинобар ин ҳангоми бо мақсади табобат кор фармудани он бояд хеле эҳтиёт шуд. Рафтани оби даҳон, беҳузур шудани дил ва қай аломатҳои заҳролудӣ аз тухми Д.- анд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственые растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …