Главная / Илм / ДЕВОНАЕВ Олимҷон Темурович

ДЕВОНАЕВ Олимҷон Темурович

devonaey-olimchonДЕВОНАЕВ Олимҷон Темурович (тав. 18. 07. 1961, деҳаи Зиракии ноҳ. Кӯлоби вил. Хатлон), анатом, доктори илмҳои тиб (2007), проф. (2011), Аълочии маорифи ҶТ (2009). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1984). Ассистент (1984 – 87), аспирант (1987 – 90), ассистент (1990 – 94), дотсент ва мудири кафедраи анатомияи одами ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (аз с. 1994). Ҳамчунин дар вазифаҳои ҷонишини декан оид ба донишҷӯёни хориҷӣ ва сардори қисми таълимӣ кор кардааст. Дар мавзӯи «Морфологияи маҷрои раги гурда ҳангоми сармозадан» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Тавсифи сохторию вазоифӣ ва хусусиятҳои морфогенези дастгоҳи лимфоидии роҳҳои шоша дар шароити мӯътадил ва ҳангоми таъсири сармо ва шароити баландкӯҳӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 115 мақолаи илмӣ, 1 монография, 62 тезис, 6 дастури таълимию методӣ.
Ос.: Динамика сосудисто-тканевых изменений в почках белых крыс при остром холодовом стрессе. «Доклады АН Таджикской ССР», №12, Д., 1999; Сердце и кровеносные сосуды, Д., 2001; Узвҳои системаи шоша, Д., 2001; Особенности лимфоидных структур мочевыводящих путей у мужчин и женщин. «Морфологические ведомости», №1 – 2, М., 2005; Особенности иммунных структур мочевого пузыря в старческом возрасте и в период долгожительства. «Здравоохранение Таджикистана», №3, Д., 2004; Лимфоидный аппарат мочевыводящих путей в норме и при воздействии холодового стресса и высокогорья, Д.,2011.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …