Главная / Илм / ДЕГТЯРЕВ Юлий Лвович

ДЕГТЯРЕВ Юлий Лвович

no-photoДЕГТЯРЕВ Юлий Лвович (тав. 12. 01. 1929, ш. Ростови соҳили Дон), эпидемиолог, доктори илмҳои тиб, проф., Аълочии тандурустии ИҶШС. Хатмкардаи Донишкадаи тиббии ш. Тошканд (1949) ва Донишкадаи тиббии ш. Ростови лаби Дон (1952). Сардухтури Бунгоҳи санитарию эпидемиологии ноҳ. Регар (ҳоло Турсунзода; 1952 – 54), сардухтури Бунгоҳи санитарию эпидемиологии вил. Ленинобод (ҳоло Суғд; 1954 – 57), ходими хурди илмӣ (1957 – 63), мудири шӯъбаи ташкилию методӣ (1963 – 67), мудири лабораторияи бемориҳои манбаашон табиӣ (1967 – 70), ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Пажӯҳишгоҳи эпидемиология ва беҳдошти ш. Душанбе (1970 – 85), ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи мудир (1982 – 85) ва мудири кафедраи эпидемиологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1985 – 90). Аз с. 1990 нафақагир. Муаллифи 85 асару мақолаҳои илмӣ, 5 тавсияи методӣ ва навоварӣ. Бо ордени «Нишони фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гаштааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …