Главная / Илм / ДЕГАЗАТСИЯ

ДЕГАЗАТСИЯ

degazatsiyaДЕГАЗАТСИЯ (Degasati; аз де … ва франс. gaz – газ), безарар гардонидан ё бартараф кардани моддаҳои заҳрогин (МЗ) аз маҳалҳои заҳролудшуда. Д.-ро бо мақсади зиён нарасидан ба одамон амалӣ мегардонанд. Маҳал, сохтмон, ҳаво, об, хӯрокворӣ, сару либос ва ҳамаи ашёи заҳролуд Д. карда мешаванд.
Бо мақсади Д. аз усулҳои механикӣ, химиявӣ ё физикию химиявӣ истифода мекунанд. Мас., бо оби гарму собун шустани МЗ, кор фармудани маводи шустанӣ (сода, хокистар) ва ҳалкунандаҳо (бензин, карасин, атсетон ва ғ.), ҳамчунин истифодаи филтрҳо (моддаҳои заҳриро ҷаббида мегиранд) роҳи механикии Д. ҳисоб меёбад. Дар рафти он таркиби МЗ вайрон намешавад.
Дар аснои ба кор бурдани усулҳои химиявӣ маводи безараргардон бо МЗ ба реаксияи химиявӣ даромада, дар натиҷа моддаҳои камзаҳр ё безаҳр ҳосил мекунанд. Оҳаки хлорнок, намаки гипохлорити калтсий, дихлораминҳо, маҳлулҳои ишқор ва ғ. аз ҳамин қабил мебошанд. Усули химиявии Д. хеле маъмул аст.
Барои рафъи МЗ-и мавзеи заҳролуд буғро ба кор мебаранд ё он ҷоро месӯзонанд (усули физикии Д.). Д. табиӣ низ мешавад. Он дар натиҷаи батадриҷ бухор гардидани МЗ аз маҳалли заҳролуд ё таъсири мутақобили МЗ ва рутубати ҳаво ба вуҷуд меояд. Дар ин сурат мӯҳлати таъсири МЗ метавонад ба фасли сол, обу ҳаво, ашёи заҳролуд ва диг. омилҳо вобастагӣ дошта бошад. Мас., дар гармои тобистон аз мавзеъе, ки бо газҳои иприт ва люизит заҳролуд гаштааст, метавон баъди 10 – 12 соат бе васоити муҳофиз гузашт, вале зимистон таъсири МЗ то об шудани барфҳо боқӣ мемонад. Агар дар шароити хона васоити безараргардонии махсус набошад, пас ҳавои бино тоза карда шуда, бисоти хонаро пок мекунанд, ашёро меҷӯшонанд, бо собун, бензин, карасин мешӯянд; ҳамчун воситаи Д. маҳлули сода (мас., содаи хӯрданӣ) ва хокистарро низ истифода бурдан мумкин аст. Ҳавои биноҳоеро, ки дар маркази сирояти химиявӣ мондаанд, фақат баъди Д.-и маҳал ва ҳамаи объектҳое, ки дар ҳудуди он воқеанд, тоза мекунанд.
Мебел бо латтае, ки дар маҳлули хокаи либосшуӣ, собун ва бензин тар карда шудааст, тоза карда мешавад. Фарши хонаро бо маҳлули 2 – 3-фоизаи сода ё маҳлули 5-фоизаи хокистар мешӯянд. Заҳролудии обу ғизои дар истифодаи шахсӣ бударо, одатан, намесанҷанд. Оберо, ки дар зарфҳои кушода (чалак, дегчаи сирдор, сатил) нигоҳ дошта шудааст, мепартоянд; оби қубурро баъди огоҳ кардани аҳолӣ бидуни софкории химиявӣ истифода бурдан мумкин аст. Чоҳ ва обанборҳои хурдеро, ки дар минтақаи заҳролуд ҷойгиранд, Д. бояд кард. Д.-ро, одатан, қисмҳои махсуси мудофиаи гражданӣ ба амал мебароранд. Хӯроки дар зарфи бесарпӯш бударо мепартоянд. Ғизо ё оберо, ки дар зарфҳои сирдори сарпӯшида нигоҳ доштаанд, қабл аз истеъмол бояд 30 дақ. ҷӯшонид. Ғизои тайёрӣ коғазпеч, мас., нон, ҳар гуна ҳасиб ва ғ.-ро танҳо баъди хуб шамол додан истеъмол мекунанд. Дар акси ҳол ҳамаи маҳсулоти ғизоӣ партофта мешавад. Ҳамчунин гӯшт, ярма, макарон, биринҷ ва диг. озуқавориро фақат баъди безарар гардондан ба хӯрок меандозанд. Равғани шиша ва консервҳоро баъди Д.-и беруни зарфҳо истеъмол мекунанд. Либос дар маҳлули 2-фоизаи сода 30 дақ. ҷӯшонида мешавад.
Дар вақти Д. бояд противогаз, комбинезону дастпӯшаки резинӣ ва пешдомани клёнкагӣ пӯшанд. Д. ҷузъӣ ва куллӣ мешавад. Д.-и ҷузъӣ фавран баъди ҳуҷуми химиявӣ танҳо дар он маҳалле, ки одамон сару кор доранд, гузаронда мешавад; онро, одатан, худи одамони зарардида мегузаронанд (пакети шахсии зидди химиявиро истифода мебаранд). Д.-и куллӣ бо мақсади пурра безарар гардонидани маҳал ва одамон анҷом мепазирад. Барои иҷрои Д.-и ҷузъӣ қисмҳои мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешаванд. Шахсоне, ки бо Д. машғуланд, бояд либоси муҳофиз пӯшанд, баъди хотима ёфтани он ҳатман аз назорати санитарӣ гузаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …