Главная / Илм / ЗАБУДА

ЗАБУДА

zabudaЗАБУДА, адвиёҷот, дорувор, хушбӯиҳо, маҳсулоти наботие, ки тунду хуштаъм ва хушбӯй буда, онҳороба миқдори кам ба хӯрок ҳамроҳ мекунанд. Маъмултарин З.-ҳо хардал, мурч, қаламфур, зарчӯба, барги дарахти ғор, дорчин, қаранфул, зира, бодиён, ҷавзбӯё ва ғ. мебошанд. Сир, пиёз, росан, инчунин ҷаъфарӣ, шибит, кашниҷ, пудина, наъно, райҳон ва ғ. аз қабили сабзавоти хушбӯю хуштаъманд. Қаламфури сурх, қаранфул ва мурчро кӯфта ё нокӯфта ба хӯрок ҳамроҳ мекунанд. Мурчу қаламфур бинобар дар таркибашон доштани равғанҳои эфир ва моддаҳои тезу тунд, хушбӯю хуштаъм мебошанд.
Равғанҳои эфир ва диг. моддаҳои мушкину хуштаъми сабзавот ба онҳо бӯю лаззати хос мебахшанд. Сабзавоти хушбӯю хуштаъм бо витаминҳои таркиб (асосан кислотаи аскорбинат, каротин, кислотаи фолиат, пиридоксин) аз дигар З.-ҳо фарқ мекунанд. Ғайр аз ин онҳо дар таркиби худ миқдори зиёди моддаҳои зиддибактериявӣ доранд. Аз ин сабаб онҳоро чун дору низ истифода мебаранд.
Дар кишварҳои гуногун бисёр маҳсулоти наботиро ба сифати З. истеъмол мекунанд. Аз ҳад зиёд истеъмол кардани З.-ҳо зарар дорад. Ҳангоми бемориҳои муайян (гастрит, решмараз ва ғ.) аз сабаби таъсири ангезанда доштан, З.-ро кам истеъмол кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …