Главная / Илм / ЗАБОН

ЗАБОН

zabonЗАБОН (Lingua), узви мушакиест дар ҷавфи даҳон. З. дар омехта сохтану фурӯ додани ғизо, артикулятсияи садоҳо ва нутқ ширкат меварзад. З. нӯг, бех ва тана дошта, аз мушакҳои худӣ (дарозрӯя, кӯндаланг ва уфуқӣ) ва скелетӣ (мушакҳои манаҳу забонӣ, зерзабону забонӣ ва дарафшу забонӣ) таркиб ёфтааст. Мушакҳои худи З. ғафсии забонро ташкил медиҳанд; мушакҳои скелетӣ барои ҳаракати З. ва ором нигоҳ доштани он хидмат мекунанд.
Дар сатҳи болои З. дар байни тана ва бех ҷӯяке мавҷуд аст, ки ба ҳиссаҳои чап ва рост ҷудо мешавад; ҳиссаҳо кунҷи кундро ба вуҷуд меоранд, ки дар қуллаи он сӯрохи сарбаста ҷой гирифтааст (вай сарҳади байни қисми пеш ва қафои З. мебошад). Дар зери З. чинҳо мавҷуданд, ки канори онҳо андаке дандонадор аст. Аз маркази зери забон ба қаъри ҷавфи даҳон чини луобпарда – лаҷомак мефарояд. Луобпарда, хусусан дар пушт ва канорҳои З., аз пистонакҳо иборат аст. Пистонакҳо ришташакл, махрутшакл, занбӯруғшакл, баргакмонанд ва новашакл мебошанд. Дар эпителияи пистонакҳои занбӯруғшакл, баргакмонанд ва новашакл ретсепторҳои зоиқа ҷой гирифтаанд. Пистонакҳои ришташакл ва махрутшакл бошанд, аз ретсепторҳои ҳисси дард, ҳарорат ва ломиса иборатанд.
Дар қабати луобпардаи бехи З. бодомакҳои З. мавҷуд мебошанд. Дар зери луобпарда ва байни мушакҳои З. ғадудҳои оби даҳон ҷой доранд.
З.-ро шохаи берунии артерияи суботӣ (артерияи забон) бо хун таъмин мекунад.
Ба нуқси инкишофи З. кӯтоҳ будани лаҷомак, макроглоссия (калонзабонӣ) ва чинзабонӣ мансубанд. Кӯтоҳ будани лаҷомак дар кӯдакони хурд боиси душвории синамакӣ ва дар кӯдакони калон мӯҷиби ихтилоли нутқ мешавад. Онро бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Сабаби макроглоссия инкишофи аз ҳад зиёди мушакҳои З. ё омоси ғайрисаратонӣ аст. Дар аснои макроглоссия баъзан З. дар даҳон намегунҷад.
Ба осебҳои З. газидан, буридан тааллуқ доранд. Дар З. бемориҳои глоссит, думбал, флегмона, споротрихоз, омосҳои саратонӣ ва ғ. низ ба мушоҳида мерасанд.
КЛ
Забон ва қисми балъум (намуд аз боло): 1 – нӯги забон; 2 – танаи забон; 3 – канори забон; 4 – ҷӯяки мобайни забон; 5 – пистонакҳои баргакмонанд; 6 – пистонакҳои занбӯруғмонанд; 7 – пистонакҳои новашакл; 8 – ҷӯяки сарҳадӣ; 9 – сӯрохи сарбастаи забон; 10 – бехи забон; 11 – бодомаки забон; 12 – чини забону болои ҳалқум; 13 – сарпӯши гулӯ; 14 – чуқурчаи нокшакл; 15 – чини обгиракшаклу ҳанҷара; 16 – роғи садо; 17 – чоки байниобгиракшакл.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …