Главная / Илм / ЙОДОНАТ

ЙОДОНАТ

yodonatЙОДОНАТ (Iodine + Potassium iodinе), як навъ доруи зидди уфунат (антисептикӣ). Моддаи асосии таъсирбахши он йод аст. Дар шакли маҳлулҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Ҳангоми ба пӯст молидан, йод ба мубодилаи моддаҳо таъсир расонда, раванди ассимилятсияро метезонад. Этанол ихроҷи йодро суст ва таъсири ангезишовари онро ба бофтаҳо кам мекунад. Й. стрептококкҳо, қаламчамикроби рӯда, протеяҳо, занбӯруғҳои бемориовар ва спораҳои ангезандаи сӯхтани (дар муддати 30 дақ.)-ро маҳв месозад. Стафилококкҳо ба таъсири Й. пурбардошт бошанд ҳам, дар сурати дуру дароз кор фармудани он дар 80% ҳолатҳо маҳв мегарданд.
Й.-ро барои муолиҷаи шаклҳои музмини тонзиллит, отити римнок, ринит (озена) ва периодонтит, бемориҳои римноки ҷарроҳиталаб, захмҳои варикозӣ, сӯхтагиҳои ҳароратӣ ва химиявӣ, безарар гардондани ҷои ҷарроҳишаванда истифода мебаранд. Он дар баъзе одамон метавонад боиси сар задани аллергия (хориши пӯст) ва йодизм (дар намуди ҳисбаи пӯст ё ринит) шавад. Ҳангоми кор фармудани Й. барои ба чашм афтодани он роҳ набояд дод. Й.-ро дар ҷои торик ва салқин нигоҳ медоранд. Маҳлули ҳалкардаи Й.-ро дуру дароз нигоҳ доштан лозим нест. Ранги он бояд ҷигарии баланд бошад. Паридани ранги маҳлул аломати бесамарии дору аст. Й. фақат дар шароити беморхона истифода бурда мешавад.

Б. А. Ишонқулова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …