Главная / Илм / ЗАБОНСӯЗОНАК

ЗАБОНСӯЗОНАК

zabonsuzonakЗАБОНСӯЗОНАК (Polugonum hydropiper), забонгазак, сагкуш, занҷабили обӣ, гиёҳест яксолаи ниҳоят тунд. Аз 10 то 70 см қад мекашад. Пояи рости сершохча (одатан сурхтоб), барги нештаршакл (дарозиаш 2,5 – 10 см, бараш 0,4 – 1,7 см), гули майдаи сабзтоб ё гулобӣ, хӯшагули саракмонанд (дарозиаш 4 – 12 см), чормағзаки сеқирраи сиёҳ, бӯр ё ҷигарранги тира дорад. Июл – сент. гул мекунад.
З. одатан дар лаби ҷӯй, шибарзамин, соҳили дарё, марғзори нам ва шолипоя мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар қ-кӯҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Сирдарё, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Помири Ғарбӣ (дар баландии 400 – 2200 м аз с.б.) месабзад.
Бо мақсади доруӣ сараки З.-ро дар давраи гулшукуфт ҷамъоварӣ намуда, дар ҷои соя мехушконанд. То 2 сол нигоҳ доштан мумкин аст. Он ҳамчун доруи зидди дарунравӣ ва боздорандаи хун истифода мешуд. Мувофиқи маълумоти Абӯалии Сино З. гиёҳест шабеҳи сабзавот, дар об ё дар наздикии он мерӯяд. Таъмаш ба занҷабил монанд аст. Баргаш шабеҳи барги бед, пояаш сурх буда сагро мекушад. Агар З.-и тарро бо гулаш кӯфта банданд омосҳои сахтро нест, захмҳои рӯйро тоза, доғи кунҷидак ва хуни мурдаро нест мекунад.
Бино ба ақидаи табибони халқӣ агар З.-ро бихӯранд, меъда ва ҷигарро гарм мегардонад, ғизоро ҳазм мекунад. Барг ва самарашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахти балғамии барҷастаро таҳлил медиҳад, доғи пӯст ва кабудии зери чашмро дур месозад. Решаашро кӯфта гузошта банданд, доғи кунҷидак ва ҳамин қабил доғҳоро, ки кӯҳна ва сахт шуда бошанд, бошидат дафъ мекунад.
Дар тибби мардумии Тоҷикистон қиёми З.-ро ҳангоми бавосир истифода мебаранд, баргҳои тар ё марҳами бо равғани гов омехтаи онро ба омос ва захмҳо мебанданд. Ғайр аз ин, чойи сараки З.-ро ҳангоми исҳол ва бемориҳои меъдаю рӯда (газак ва захми меъда) менӯшанд. Дар аснои бемориҳои пӯст (шукуфа, экзема, хоришак) бо ҷӯшоби З. оббозӣ мекунанд. Дар тибби илмӣ нақеъи обии З. (20,0:200,0)-ро истифода мебаранд (1 чумчаӣ рӯзе 3 маротиба). Қиёми он (рӯзе як маротиба 30 – 40 чакрагӣ) давои хунбанд (ҳангоми хунравии бачадон) аст. Доруи «гидропиперин»-ро, ки аз З. истеҳсол мешавад, ба сифати давои хунбанд ҳангоми хунравии бачадон (меноррагия ва дисменорея) ва бавосир кор мефармоянд. Қиёми З. лахтабандии хунро зиёд, нуфузпазирии мӯрагҳоро суст ва кашиши мушакҳои бачадонро тез мекунад. З. ба таркиби шамъакҳои зидди бавосир («анестезол» ва «анузол») дохил карда мешавад.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …