Хабарҳои охирин

КОТС Яков Лвович

kots-yakov

КОТС Яков Лвович (3. 02. 1898, ш. Днепропетровск – 1975, ш. Киев), оториноларинголог, доктори илми тиб (1943), проф. (1944), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1945). Донишкадаи тиббии ш. Днепропетровскро ба итмом расондааст (1926). Ординатор, ассистент, мудири кафедраи ҳамин донишкада (1926 – 39). Мудири кафедраи Донишкадаи тиббии ш. Тошканд (1940 – 41), …

Муфассал »

КОФУР

kofur

КОФУР, як навъ кристалли беранг, бӯи хос дорад. К. моддаи зудбухор буда, дар об кам, дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳал мешавад. Дар табиат васеъ паҳн шудааст; ба таркиби бисёр равғанҳои эфирии растаниҳо (мас., райҳон, шубоғ, дарахтони сӯзанбарг, кофурдарахт ва ғ.) дохил мешавад. Равғани кофурдарахт манбаи асосии К. ба шумор меравад. …

Муфассал »

КОФУРДАРАХТ

kofurdaraht

КОФУРДАРАХТ (Cinnamonium camphora), дарахтест ҳамешасабз. Баландиаш 20 – 50 м. Баргҳояш ғафспӯст, муаттар; гулҳояш майдаи сафедтоб. Дар ҳама қисмҳояш равғани эфир ва кофур дорад, ки дар натиҷаи оксидшавӣ равғани кофур ҳосил мешавад. Чӯби К. хушнамуд ва хушбӯй буда, аз ҳашарот осеб намебинад. Асосан дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мерӯяд.

Муфассал »

КРАУС Адолф Андреевич

kraus-adolf

КРАУС Адолф Андреевич (1905, ш. Ригаи Латвия – 1958, ҳамон ҷо), яке аз ташкилотчиёни соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон. С. 1928 Донишкадаи тиббии Ленинградро хатм намудааст. Худи ҳамон сол бо роҳхати донишкада ба Тоҷикистон омада, дар корҳои ободонӣ ва ташкили муассисаҳои тиббӣ дар ноҳ. Кӯлоб фаъолона иштирок кардааст. С. 1930 ба …

Муфассал »

КРАХМАЛ

krahmal

КРАХМАЛ, оҳар, нишаста, ангиштоби асосии захиравии растаниҳо; формулаи умумиаш (C6H10O5)n. Дар об ҳал намешавад; бо йод ранги кабуди баланд ҳосил мекунад. Ҳангоми гидролизи нопурраи К. декстринҳо ва дар аснои гидролизи пурра – глюкоза ҳосил мешаванд. К. дар унсурҳои ҳуҷайра (хлоропластҳо ва амилопластҳо) ҳосил ва дар тухм, пиёзак, лӯндак, инчунин дар …

Муфассал »