Хабарҳои охирин

КОРНОШОЯМӣ

kornoshoyami

КОРНОШОЯМӣ (Invaliditas), доимӣ ё муваққат аз даст додани қобилияти корӣ. Шахсонеро, ки қобилияти кории худро доимӣ ё ба муддати дароз гум кардаанд, ба инвалидӣ мегузаронанд. К.-и муваққатӣ пурра ё ҷузъӣ мешавад. Дар ин маврид қобилияти кориро дар муддати нисбатан кӯтоҳ барқарор намудан мумкин аст. Дар сурати К.-и пурраи муваққатӣ қобилияти …

Муфассал »

КОРОНАРИТ

koronarit

КОРОНАРИТ (Coronaritis; лот. coronarius – иклилӣ), илтиҳоби артерияҳои иклили (коронари)-и дил. Бештар ҳамчун зуҳуроти васкулитҳо, мас., ҳангоми тарбод, периартериити ғуддаӣ ва ғ. рух менамояд. Бо нишонаҳои стенокардия, тағйири ЭКГ, аритмияи дил падид меояд. Баъзан К. муҷиби сактаи дил мешавад. Бо мақсади муолиҷаи К. сабаби онро рафъ сохтан лозим аст.

Муфассал »

КОРСЕТИ ОРТОПЕДӣ

korseti-ortopedi

КОРСЕТИ ОРТОПЕДӣ, ҷиҳозест барои ноҷунбон нигоҳ доштани сутунмӯҳра ҳангоми шикастан, иллат ёфтан ва қаҷ шудани он. К. о.-ро аз масолеҳи гуногун (пӯст, матоъ, гаҷ, нитролак, ҷабираи филизӣ, пластмасса ва ғ.) аз рӯи қолаби гач тайёр мекунанд. К. о. бояд зич ҷафс шуда, сутунмӯҳраро мустаҳкам нигоҳ дорад. Духтур вобаста ба хусусияти …

Муфассал »

КОРТИЗОЛ

kortizal

КОРТИЗОЛ, гормони глюкокортикоидӣ. Табиати стероидӣ дорад. К.-ро қабати беруни (қишр)-и ғадуди болои гурда зери таъсири гормони адренокортикотропӣ (АКТГ) ҳосил менамояд. К. танзимгари мубодилаи карбогидратҳо дар организм аст. Он ҳамчунин дар инкишофи аксуламалҳои стрессӣ ширкат меварзад. Миқдори К. хусусан пагоҳирӯзӣ зиёд мешавад (бегоҳирӯзӣ миқдори он дар организм нисбатан кам хоҳад шуд). …

Муфассал »

КОРТИКОСТЕРОН

kortikosteron

КОРТИКОСТЕРОН, гормони глюкокортикоидии камаҳамият ва нисбатан камфаъолияти қишри ғадудҳои болои гурдаи одам. Фаъолияти минералокортикоидии К. нисбат ба фаъолияти кортизол бештар, вале аз фаъолияти алдостерон камтар аст.

Муфассал »