КОФУР, як навъ кристалли беранг, бӯи хос дорад. К. моддаи зудбухор буда, дар об кам, дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳал мешавад. Дар табиат васеъ паҳн шудааст; ба таркиби бисёр равғанҳои эфирии растаниҳо (мас., райҳон, шубоғ, дарахтони сӯзанбарг, кофурдарахт ва ғ.) дохил мешавад. Равғани кофурдарахт манбаи асосии К. ба шумор меравад. Дар саноат К.-ро аз скипидар ё компоненти асосии он – пинен ҳосил мекунанд. К.-ро асосан чун пластификатори нитрат ва атсетати селлюлоза (дар истеҳсоли селлулоид ва кинонавор), чун флегматизатори (иловае, ки ҳангоми нигоҳ доштани борут ба он устуворӣ мебахшад) борути бедуд, инчунин дар мубориза бар зидди куя ва дар тиб чун воситаи тезонандаи кори дил истифода мебаранд. К. системаи асаби марказӣ, хусусан марказҳои нафаскашӣ ва ҳаракатдиҳандаи рагро бедор мекунад. Вайро бештар дар намуди маҳлулҳои равғанӣ ҳангоми сустшавии фаъолияти дил ва нафаскашӣ, инчунин ба сифати пасткунандаи таб, воситаи антисептикӣ ва бедардкунанда ба зери пӯст мегузаронанд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …