Главная / Илм / КРАУС Адолф Андреевич

КРАУС Адолф Андреевич

kraus-adolfКРАУС Адолф Андреевич (1905, ш. Ригаи Латвия – 1958, ҳамон ҷо), яке аз ташкилотчиёни соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон. С. 1928 Донишкадаи тиббии Ленинградро хатм намудааст. Худи ҳамон сол бо роҳхати донишкада ба Тоҷикистон омада, дар корҳои ободонӣ ва ташкили муассисаҳои тиббӣ дар ноҳ. Кӯлоб фаъолона иштирок кардааст. С. 1930 ба вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи санитарию бактериологӣ таъин гашт. Он аввалин пажӯҳишгоҳ дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд. С. 1939 дар ш. Сталинобод (ҳозира Душанбе) Донишкадаи тиббӣ таъсис ёфт ва сарвари онро К. ба ӯҳда гирифт. ӯ дар муддати кӯтоҳ ҷараёни таълимро ба роҳ монд, ба таълимгоҳҳои тиббии ш.-ҳои Москва ва Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки дар масъалаи фароҳам сохтани маводу асбобҳои аёнӣ ва омӯзгорон кӯмак расонанд. Худи ҳамон сол дар донишкада 8 кафедра ва китобхона ба фаъолият шурӯъ намуданд, ба ягона факултаи он (терапия) 130 наф. донишҷӯ қабул шуд. К. соли 1945 бинобар ба вазифаи ҷонишини вазири тандурустии Латвия таъин гаштанаш аз ҷумҳурӣ кӯч баст.
К. тӯли 17 соли фаъолият дар Тоҷикистон дар ташаккули хадамоти тандурустӣ саҳми босазо гузошт. Дар ДДТТ коллективи аҳлу тифоқи донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандонро тарбия кард. Солҳои ҶБВ фаъолияти даҳҳо беморхонаҳои калони ба ҷумҳурӣ кӯчидаро мураттабу муназзам сохт.
Бо ордену медалҳои ҶШС Тоҷ. ва ҶШС Латвия сарфароз гардонда шудааст. Вакили Шӯрои намояндагони халқи ш. Душанбе интихоб шуда буд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …