Хабарҳои охирин

КОС

kos

КОС (Pelvis), як ҷузъи скелет, ки ба андомҳои поёнӣ тааллуқ дорад. Аз ду устухони кос, чорбанд ва думғоза иборат аст. К. якҷоя бо банди косу рон такягоҳи бадан аст. К. калон ва хурд мешавад. К.-и калон аз пеш бо девораи пеши шикам, аз қафо бо сутунмӯҳра, аз паҳлӯҳо бо нӯги …

Муфассал »

КОСАИ САР

kosai-sar

КОСАИ САР (Cranium), ҷумҷума, кадуфт, косахонаи сар, скелети сари ҳайвоноти мӯҳрадор ва одам. К. с. аз 2 қисм – майнавӣ ва чеҳравӣ иборат аст. К. с.-и одам аз 6 устухони суфтаи хамида таркиб ёфтааст: устухонҳои пешонӣ ва пушти гардан (устухонҳои тоқ), устухонҳои фарқи сар ва чакка (устухонҳои ҷуфт), устухонҳои фонашакл …

Муфассал »

КОСИ ТАНГ

kosi-tang

КОСИ ТАНГ (Pelvis contracta), як навъ нуқси анатомӣ. Шакл ва андозаи коси зан барои таваллуд аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, духтури машваратгоҳи занона коси занро чен мекунад. К. т. барои гузаштани тифл, хусусан сар, мамониати ҷиддӣ мерасонад. Ҳангоми ин таваллуд тӯл кашида, вазнин мегузарад, баъзан бо фоҷиа меанҷомад. Тангии …

Муфассал »

КОСМЕТИКА

kosmetika

КОСМЕТИКА (аз юн. kosmetice – санъати ороиш), пардозгарӣ, оростагӣ, машшотагӣ, таълимотест оид ба воситаву тарзҳои беҳ кардани намуди зоҳирии одам. Аз давраҳои қадим халқҳои гуногун ба васоити К. ва истифодаи онҳо диққати калон медоданд. Дар Миср 2000 сол пеш аз м. барои К. равғанҳои гуногун, моддаҳои хушбӯй, мушк, ҳанут ва …

Муфассал »

КОСНӣ

kosni

КОСНӣ (Cichorium intybus), коснич, шири харак, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 150 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги пармонанд, гултӯдаи сабадак, гули нилгун ё кабуд дорад. Аз баҳор то тирамоҳ гул мекунад. Одатан дар канори рӯд, роҳ, боғу саҳро, заминҳои партову бекорхобида, ғаллазору юнучқазор мерӯяд. Дар ҳама ноҳияҳои ҷумҳурӣ …

Муфассал »