Главная / Илм / КРАХМАЛ

КРАХМАЛ

krahmalКРАХМАЛ, оҳар, нишаста, ангиштоби асосии захиравии растаниҳо; формулаи умумиаш (C6H10O5)n. Дар об ҳал намешавад; бо йод ранги кабуди баланд ҳосил мекунад. Ҳангоми гидролизи нопурраи К. декстринҳо ва дар аснои гидролизи пурра – глюкоза ҳосил мешаванд. К. дар унсурҳои ҳуҷайра (хлоропластҳо ва амилопластҳо) ҳосил ва дар тухм, пиёзак, лӯндак, инчунин дар баргу поя захира мешавад. Хусусан биринҷ, ҷуворимакка, гандум, бехӣ, картошка аз К. боянд. К. ва ҳосилаи он дар саноати хӯрокворӣ (истеҳсоли ҳасиб, қаннодӣ), дар тиб, саноати дорусозӣ (истеҳсоли антибиотикҳо, витаминҳо ва ғ.), соҳаҳои саноати бофандагӣ ва истеҳсоли коғаз истифода мешаванд. Онро асосан дар шакли хока, якҷоя бо окиси руҳ ё талқ кор мефармоянд. Луоби К. барои имола низ корбаст мешавад (бо мақсади муҳофизати луобпардаҳо аз таъсири омилҳои ангезишовар ва суст намудани ҷаббиши доруҳо).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …