Главная / Илм / КОРНОШОЯМӣ

КОРНОШОЯМӣ

kornoshoyamiКОРНОШОЯМӣ (Invaliditas), доимӣ ё муваққат аз даст додани қобилияти корӣ. Шахсонеро, ки қобилияти кории худро доимӣ ё ба муддати дароз гум кардаанд, ба инвалидӣ мегузаронанд. К.-и муваққатӣ пурра ё ҷузъӣ мешавад. Дар ин маврид қобилияти кориро дар муддати нисбатан кӯтоҳ барқарор намудан мумкин аст. Дар сурати К.-и пурраи муваққатӣ қобилияти корӣ гум шуда, бемор ба режими махсус (бистарӣ шудан) мӯҳтоҷ мегардад. Дар аснои К.-и ҷузъии муваққатӣ бемор кори одати (ҳаррӯза)-ро иҷро карда наметавонад, вале бе ягон зарар ба саломатӣ аз ӯҳдаи иҷрои кори дигар мебарояд. К.-и муваққатиро духтур муайян карда, варақаи беморӣ (дар асоси он бемор аз кор озод мешавад ва ёрдампулӣ мегирад) ё справка (дар бораи аз кор ё хониш озод кардан) медиҳад.
Сабаби асосии К. беморӣ ё рӯй додани фалокат мебошад. Вале қонунан ҳар як озодкунӣ аз кор, ки мувофиқи нишондодҳои тиббӣ бо додани варақаи беморӣ ё справка ба расмият дароварда мешавад (рухсатӣ ҳангоми ҳомилагӣ ё баъди зодан, ба карантин гирифан, аз кор дур кардани ҳомилини ангезаҳои амрози сироятӣ, нигоҳубини аъзои бемори оила ва ғ.), К.-и муваққатӣ маҳсуб меёбад. К. бештар дар натиҷаи беморӣ ба амал меояд ва зимни он қобилияти корӣ пурра ё қисман гум мегардад. Агар К. дар муддати як сол бефосила зиёда аз 4 моҳ ё бафосила 5 моҳ тӯл кашад, К.-ро бардавом меҳисобанд ва дар ин сурат муассисаи табобатӣ беморро ба комиссияи тиббии экспертизаи коршоямӣ мефиристад.
Ба инвалидони коркунанда, сарфи назар аз гурӯҳи инвалидӣ ва хусусияти беморӣ, дар давоми як сол ба варқаи беморӣ фақат ба муддати 2 моҳи бефосила музд дода мешавад. Дар аснои маъюбӣ аз меҳнат ва бемориҳои касбӣ варақаи корношоямиро то шифо ёфтан ё аз нав дида баромадани гурӯҳи инвалидӣ (ба сабаби ягон бемории дигар) медиҳанд.
Агар К. зимни ягон фалокат дар истеҳсолот (инчунин фалокате, ки дар вақти ба кор рафтан ё аз кор баргаштан) ба амал ояд, маъмурияти корхона ё муассиса санад тартиб дода, дар он вақт, ҷой, сабаб ва шароити рӯй додани фалокатро нишон медиҳад; варақаи бемориро аз рӯзи якуми гум кардани қобилияти корӣ то барқарор шудани он медиҳанд. Агар фалокат дар рӯзгор рӯй диҳад, аз рӯзи 6-ум сар карда варқаи беморӣ дода мешавад; барои 5 рӯзи аввал бошад, справкаи аз кор озод будан медиҳанд. Ба коргарзанон ва хизматчизанон ҳангоми ҳомилагӣ ва таваллуди кӯдак, сарфи назар аз собиқаи кор, 140 рӯз рухсатии пулакӣ дода мешавад. Ҳангоми ба карантин гирифтани одамоне, ки бо беморони сироятии ниҳоят хавфнок тамос доштанд, варақаи бемориро духтури эпидемиолог (дар вақти набудани он духтури санитарӣ ё духтури муолиҷ) медиҳад.
Дар мавриди ошкор кардани ҳомилини ангезандаи бемориҳои зудсироят дар одамоне, ки ба истеҳсоли хӯрокворӣ машғуланд, инчунин дар кормандони муассисаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва шахсони бевосита ба хӯрокворӣ сарукордошта маъмурияти муассиса вазифадор аст онҳоро ба муассисаи табобатӣ фиристад ва ба кори дигар гузаронад. Агар ба кори дигар гузаронидан имконнопазир бошад, пас онҳоро дар давраи табобат аз кор озод мекунанд.
Дар мавриди пеш омадани зарурати нигоҳубин ба бемор (узви оила) ва дар беморхона нахобондани ӯ, ба мӯҳлати 33 рӯз варақаи беморӣ медиҳанд.
Барои нигоҳубини кӯдаки маризи синнаш то 15-сола ба модар то 7 рӯз (ба модари танҳо, бевазан, аз шавҳар ҷудошуда то 10 рӯз) варақаи беморӣ дода мешавад (агар беморӣ давом кунад, муассисаи табобатӣ справка медиҳад).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …