Главная / Илм / КОРСЕТИ ОРТОПЕДӣ

КОРСЕТИ ОРТОПЕДӣ

korseti-ortopediКОРСЕТИ ОРТОПЕДӣ, ҷиҳозест барои ноҷунбон нигоҳ доштани сутунмӯҳра ҳангоми шикастан, иллат ёфтан ва қаҷ шудани он. К. о.-ро аз масолеҳи гуногун (пӯст, матоъ, гаҷ, нитролак, ҷабираи филизӣ, пластмасса ва ғ.) аз рӯи қолаби гач тайёр мекунанд. К. о. бояд зич ҷафс шуда, сутунмӯҳраро мустаҳкам нигоҳ дорад. Духтур вобаста ба хусусияти беморӣ К. о.-и ноҷунбон таъин мекунад. К. о.-и ноҷунбон дар аснои сили сутунмӯҳра, шикастан ё баъди ҷарроҳии он истифода мешавад. Он барои беҳаракат нигоҳ доштани мӯҳраҳои осебдида ва қисман бартараф намудани фишор муҳим аст. Чунин корсетҳоро ҳангоми миёндарде, ки аз иллат ёфтани қисми камарию чорбандии сутунмӯҳра пайдо шудааст (мас., остеохондроз, спондилолистез ва ғ.) тавсия медиҳанд. К. о.- и ислоҳӣ ба кӯдакони гирифтори сколиоз (ба тарафи рост ё чап каҷ шудани сутунмӯҳра) барои пешгирии минбаъд каҷ шудани сутунмӯҳра ва қисман рафъ намудани каҷшавӣ дода мешавад. Мӯҳлати пӯшида гаштани корсетро духтур муқаррар мекунад. Аз рӯи таъиноти духтур варзиши шифоӣ ва масҳи мушакҳои бадан зарур аст, чунки дар натиҷаи бардавом пӯшида гаштани К. о. мушакҳои тан суст мешаванд. К. о.-ро бояд аз рӯи майка ё куртаи трикотажии пахтагин пӯшид. К. о.-и филизӣ ва паластмассиро шустан мумкин аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …