Хабарҳои охирин

КОМИССИЯИ ТИББИИ ЭКСПЕРТИЗАИ КОРШОЯМӣ

komisiyai-tibbi

КОМИССИЯИ ТИББИИ ЭКСПЕРТИЗАИ КОРШОЯМӣ дар назди ташкилоти таъминоти иҷтимоӣ фаъолият мекунад. Аз духтурони эксперт, намояндагони шӯъбаи дахлдори таъминоти иҷтимоӣ ва ташкилоти иттифоқи касаба иборат аст. КТЭК гурӯҳи инвалидиро муқаррар мекунад, сабабҳои доимӣ (бемории умумӣ ё касбӣ, маъюбии меҳнатӣ ва ғ.) ё тӯлонӣ гум кардани қобилияти меҳнат, шароит ва хусусияти меҳнат …

Муфассал »

КОМПЛЕМЕНТ

komplement

КОМПЛЕМЕНТ (лот. complementum – иловагӣ), силсилаи сафедаҳои муҳофизии зардоби хуни одам ва ҳайвонот, ки дар аксуламалҳои махсуси подгун (антиген)-подтан (антитела) иштирок карда, самараи биологии онро меафзоянд. Системаи К. аз 9 унсур иборат аст. Онҳо бо тартиби муайян фаъол гашта, бо комплекси подгун-подтан пайваст мешаванд. Дар натиҷаи чунин пайвастшавӣ мумкин аст …

Муфассал »

КОМПОСТКУНОНӣ

kompostkunoni

КОМПОСТКУНОНӣ, як тарзи тайёр кардани нурӣ. Бо мақсади безарар гардондани партовҳои рӯзгор, кишоварзӣ ва баъзе корхонаҳои саноатӣ ба амал бароварда шуда, ба пӯсидани моддаҳои органикӣ зери таъсири микроорганизмҳо асос ёфтааст. К. чун тарзи безараргардонӣ хеле маъмул ва нисбатан боэътимод аст. Маҳсули ниҳоии К. компост буда, барои киштзор ва боғу полиз …

Муфассал »

КОМПРЕСС

kompress

КОМПРЕСС, кимод, рифода, бандинае, ки бо мақсади муҳофизат ё табобати ҷузъии узви иллатёфта истифода мешавад. К.-и хушкро, ки аз чанд қабат докаю пахта иборат аст, барои аз сардӣ ва диг. таъсири ногувори берунӣ муҳофизат намудани узви иллатёфта, К.-и нарм (сард, гарм, гармкунанда ва доруӣ)-ро бо мақсади табобат ба кор мебаранд. …

Муфассал »

КОНДИТСИОНЕРОНИИ ҲАВО

kondisionerii-havo

КОНДИТСИОНЕРОНИИ ҲАВО, дар дохили хонаю нақлиёт бо ёрии асбобҳои техникӣ ба вуҷуд овардани ҳарорати барои одамон, кори дурусти асбобҳо, нигоҳ доштани асарҳои санъат ва ғ. мувофиқ. Бо роҳи кондитсионеронӣ газҳои таркибӣ, суръати ҳаракат ва фишори ҳаво танзим карда мешавад. Дастгоҳҳои К. ҳ. барои аз гарду чанг тоза, гарм, хунук, хушк …

Муфассал »