Хабарҳои охирин

КОЛПИТ

kolpit

КОЛПИТ (Colpitis, vaginitis; аз юн. kolpos – маҳбал), вагинит, газаки луобпардаи маҳбал. К. ҳангоми ба маҳбал дохил шудани микроорганизмҳои бемориовар (стрептококкҳо, стафилококкҳо, гонококкҳо, трихомонадаҳо, занбӯруғҳо), дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ (мавриди истифодаи дастмолу сачоқи умумӣ ва ғ.) ва муҷомаат (алоқаи ҷинсии тасодуфӣ), аз ҷисмҳои бегона захмдор шудани маҳбал, …

Муфассал »

КОЛПОСКОПИЯ

kolposkapia

КОЛПОСКОПИЯ (юн. kolpos – маҳбал ва skopeo – мушоҳида кардан), усули тадқиқи луобпардаи қисми маҳбалии гарданаи бачадон ва маҳбал ба тавассути колпоскоп. Колпоскоп асбоби оптикӣ буда, тасвирро калон нишон медиҳад. Онро баъзан барои тадқиқи эпителияи аъзои таносули берунӣ низ кор мефармоянд. К. имкон медиҳад тағйироти ба чашм ноаёни эпителия ва …

Муфассал »

КОМ

kom

КОМ (Palatum), сарпӯши ҷавфи даҳон. Аз ду қисм – сахт (коми пеш) ва нарм (коми қафо) иборат аст. К.-и сахтро шохаҳои коми ҷоғи боло ва лавҳачаҳои амудии устухонҳои ком ба вуҷуд овардаанд. Луобпардае, ки К.-и сахтро фаро гирифтааст, аз қафо бо К.-и нарм пайваст аст. Канори охири К.-и нарм барҷастагие …

Муфассал »

«КОМИЛУ-С-СИНОАТ»

komilu-s-sanoat

«КОМИЛУ-С-СИНОАТ», асари энсиклопедии Алӣ ибни Аббоси Маҷусии Аҳвозӣ (ваф. с. 994) дар боби тиб ва дорушиносӣ. Китоб масъалаҳои асосии тибби назариявӣ ва амалии қадима, инчунин комёбиҳо ва маҳсули таҷрибаи бои худи Аҳвозиро дарбар мегирад. Нимаи дуюми а. 10 ба забони арабӣ таълиф шудааст. Дар асар тамоми воситаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва …

Муфассал »

КОМИССИЯИ МАШВАРАТИИ ТИББӣ

komisiyai-mashvarati

КОМИССИЯИ МАШВАРАТИИ ТИББӣ дар муассисаҳои табобатӣ (беморхонаҳое, ки дармонгоҳ ё амбулатория доранд, дармонгоҳҳо, диспансерҳои махсус ва ғ.) ташкил карда мешавад. Он аз 3 наф. духтур – ҷонишини сардухтур оид ба экпертиза, мудири шӯъба, духтури муолиҷ иборат аст. Фақат КМТ ҳуқуқ дорад, ки мӯҳлати амали варақаи бемориро аз 6 рӯз зиёд …

Муфассал »