Хабарҳои охирин

КОЙЛОНИХИЯ

koylonihiya

КОЙЛОНИХИЯ, як навъ бемории нохун; шакли махсуси ониходистрофия. Сабаби пайдоиши К. беҳад тунук будани нохун аст. Нохун бисёр вақт бинобар дар организм нарасидани оҳан, ҳангоми гемохроматоз, бемориҳои сироятии бардавом, таъсири мунтазами моддаҳои химиявӣ ба нохунҳо (сарукор доштан бо моддаҳои химиявӣ дар истеҳсолот ва рӯзгор, барои тоза кардани локи нохун кор …

Муфассал »

КОЙТЕЗАК

koytezak

КОЙТЕЗАК, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Шуғнон. Дар соҳили чапи д. Суули- Тогаркаки воқеъ гаштааст. Баландиаш аз с. б. 3960 м. Мавзеи К. шибарзамин аст. Оби чашма ба воситаи 3 пармачоҳ мебарояд. Дебиташ – 1,5 – 4,0 л/сон., ҳарор. обаш +23 – +330С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (72,0 мг/л), …

Муфассал »

КОКАИН

kokain

КОКАИН, як навъ алкалоид. Таъсири беҳисгардонӣ ва мухаддирӣ дорад. Дар баробари дигар алкалоидҳо дар таркиби буттаи кокаин (Erythroxylum coca) мавҷуд аст. Бинобар таъсири нашъаовар доштанаш баргҳои кокаро мардуми таҳҷоии Америкаи Ҷанубӣ солҳои дароз истифода мебурданд. К.-е, ки аз баргҳои ин растанӣ ҳосил карда мешуд, аз с. 1859 дар амалияи тиб …

Муфассал »

КОККҲО

kokkho

КОККҲО (Coccus; юн. kokkos – дона), як навъ бактерияҳои курашакл. Ба гурӯҳи К. бактерияҳои граммусбат (стрептококкҳо, пептострептококкҳо, энтерококкҳо, стафилококкҳо, пептококкҳо, микрококкҳо) ва грамманфӣ (нейссерияҳо, вейллонеллаҳо) мансубанд. Ба К. ҳамчунин бактерияҳои билкул сапрофит (сарсинҳо) ва бемориовар (мас., гонококкҳо – ангезандаи сӯхтанӣ, менингококкҳо – ангезандаи сарсом) тааллуқ доранд. Дар байни стрептококкҳо (гурӯҳӣ …

Муфассал »

КОКУТӣ

kokuti

КОКУТӣ (Origanum tuttahanthum), субинак, сипарғам, пудинаи кӯҳӣ, гиёҳест бисёрсола. Аз 20 то 90 см қад мекашад. Пояаш бисёр, рост, чорқирра, сершох, пашмакдор. Баргаш кӯтоҳдумчаи дарозрӯя, гулаш сафед ё бунафши паст. Мевааш дорчинии сиёҳтоб. Июн – авг. гул карда, июл – сент. мева мебандад. Дар алафзор, марғзори субалпӣ, даштҳо, нишебиҳои санглохи …

Муфассал »