Главная / Илм / КОЛОБОМА

КОЛОБОМА

kolobamaКОЛОБОМА (Coloboma; юн. koloboma – қисми намерасида), нуқси модарзодӣ, баъзан ғайримодарзодии ин ё он сохтори чашм (канори пилк, гавҳарак, рагпарда, шабакия, қурси асаби босира, булӯрак).
К.-и модарзодӣ бисёр вақт дар инабия ба мушоҳида мерасад. Вай одатан дар зери гавҳарак ҷой мегирад (баъзан ҳар ду чашм осеб меёбад). К.-и инабия метавонад пурра (аз канори гавҳарак то канори инабия) ва ҷузъӣ бошад. Дар ин гуна ҳолатҳо босира, одатан, халал намеёбад. К.-и васеъи худи рагпарда ва К.-и қурси асаби босира мумкин аст сабаби якбора суст гаштани тезии биноӣ ва ҳатто курӣ гардад.
К.-и ғайримодарзодӣ дар натиҷаи осеб ё амалиёти ҷарроҳӣ падид меояд. Мас., баъзан ҳангоми ҷарроҳии глаукома инабияро қисман бурида дур мекунанд.
Беморони гирифтори К.-ро ба назди духтури офталмолог фиристодан лозим аст. Муолиҷа ба тарзи ҷойгирии К. вобастагӣ дорад. Ниг. низ Чашм.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …