Главная / Илм / КОЛИТ

КОЛИТ

kolitКОЛИТ (Colitis; юн. kolon – рӯдаи ғафс), газаки рӯдаи ғафс. К. шадид ё музмин мегузарад. К.-и шадид бинобар сироят ё заҳролудии рӯда ба вуҷуд меояд (ниг. Исҳоли хунин, Заҳролудӣ). К.-и шадид аксар аломати бемории сироятӣ буда, дар натиҷаи заҳролудӣ аз ғизои бадсифат, ҳангоми мавҷуд будани киҷҷаи рӯда ва ғ. низ инкишоф меёбад. Иллати рӯда аз заҳрҳои саноатӣ (симоб, арсен, сулема, моддаҳои органикӣ), инчунин аз токсинҳое, ки дар аснои баъзе бемориҳо дар организм ҳосил мешаванд (К.-и заҳролудӣ), боиси К. мегарданд. К. дар натиҷаи худсарона истеъмол кардани антибиотикҳо ва доруҳои исҳоловар низ ба амал меояд.
К.-и музмин бинобар табобати нопурраи К.-и шадиди сироятӣ пайдо мешавад. Вале он бидуни сирояти пешина ҳам метавонад инкишоф ёбад. Риоя накардани тартиби истеъмоли ғизо, нағз нахоидани хӯрок, истеъмоли таомҳои якхела, сӯиистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ва ғ. боиси газаки музмини рӯдаи ғафс мегарданд. Тарзи инкишфи К.-и музмин хеле мураккаб аст. Ҳангоми ин беморӣ ҳаракати рӯда ва ихроҷи луоб вайрон шуда, ҷаббиши моеъ дар рӯдаи ғафс халал меёбад. Дисбактериоз, яъне тағйири миқдорӣ ва сифатии микрофлораи рӯда дар инкишофи К. мавқеи муҳим дорад. Дисбактериоз баҳри аз худ кардани витаминҳо таъсири ногувор мерасонад; дар рӯда пӯсиш ва туршӣ ба вуҷуд оварда, ҷараёни К.-ро метезонад, муҷиби пайдоиши аллергия мегардад. Зуҳуроти К.-и музмин гуногун буда, ба дараҷаи вазнинӣ, паҳншавӣ ва ҷараёни он вобаста аст. Дар давраи хурӯҷи К. беиштиҳоӣ, дилбеҳузурӣ, беҳолӣ, исҳол мушоҳида мешавад. Дарди шикам хуруҷмонанд буда, ба миён ва атрофи қадкашак мегузарад. Сипас исҳол баста қабзият пайдо мешавад. Агар луоб хунолуд бошад, фавран муоина кардани он зарур аст. Барои К.-и музмин ҷараёни такрорёбӣ, яъне иваз шудани давраи хурӯҷ ба давраи офият (вақте ки аломатҳои касалӣ қариб пурра нест мешаванд) хос аст. Истеъмоли ғизое, ки ангезиш ва реаксияи аллергии рӯдаи ғафсро ба вуҷуд меоварад (очор, консерва, мурчу қаланфур, буттамева, меваҳои ситрусӣ, карам, бодиринг ва ғ.), хастагӣ, дар офтоб бисёр гаштан, аз ҳад зиёд гарм шудани бадан, истеъмоли доруҳои исҳоловар ва зиддибактериявӣ, хуруҷи бемориҳои диг. узвҳои ҳозима боиси инкишофи К. мегарданд. К.-и музмин бо роҳҳои гуногун – дору, парҳез, воситаҳои физиотерапевтӣ, табобати курортию санаторӣ муолиҷа карда мешавад.
Дар давраи авҷи К. парҳез ва тартиби истеъмоли ғизоро, ки духтур таъин кардааст, бояд риоя намуд. Сипас бо духтур маслиҳат карда, вояи хӯрокро бештар намудан лозим аст, чунки парҳези дуру дароз организмро аз бисёр моддаҳои муфид маҳрум мегардонад. Дар давраи хурӯҷ ба кори вазнини ҷисмонӣ ва эҳсосот роҳ додан ҷоиз нест.
Барои пешгирии К.-и музмин саривақт табобат кардани сирояти шадиди рӯда зарур аст. Бисёр одамон дар беморхона нахобида, худсарона доруҳои гуногунро истеъмол мекунанд. Чунин усули табобат нафақат зарар дорад, балки боиси ба К.- и музмин гузаштани К.-и шадид мегардад. Риояи тартиби истеъмоли хӯрок барои пешгирии К.-и музмин аҳамияти калон дорад. Азбаски ғизои нағз нахоида узвҳои ҳозимаро ба ангезиш меорад, саривақт протез кардани дандонҳо муҳим аст. Ҳангоми сарукор гирифтан бо моддаҳои заҳрноке, ки газаки луобпардаи рӯдаро ба вуҷуд меоваранд (мас., сурб), қатъӣ риоя кардани техникаи бехатарӣ зарур мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …