Хабарҳои охирин

КЛИНИКА

klinika

КЛИНИКА (юн. klinice – тиббӣ, аз kline – бистар), муассисаи табобатии статсионарӣ, ки дар он баробари табобати беморон ба духтурон ва донишҷӯёни соҳаи тиб таълим медиҳанд, тадқиқоти илмӣ мегузаронанд. Ҳамаи мактабҳои олии тиббӣ ва институтҳои такмили ихтисоси духтурон К. доранд. Агар К. дар заминаи беморхонаи шаҳрӣ, вилоятӣ ё ҷумҳуриявӣ кор …

Муфассал »

КОБАЛТ

cobalt

КОБАЛТ (Cobaltum), Co, элементи химиявии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев, рақами ат. 27, массаи ат. 58,933. К. дар табиат як изотопи собит 59Co дорад. К.-и металлиро с. 1735 химики швед Г. Брандт кашф кардааст. К. металли вазнини нуқраранг буда, каме тобиши сурх дорад. t гуд. 1493°С, t ҷӯш. 3100°С, зичиаш …

Муфассал »

КОБУЛОВА София Мирзотошевна

nophoto

КОБУЛОВА София Мирзотошевна (30. 03. 1932, ш. Хуҷанд – 30. 04. 2002, ш. Душанбе), духтури кӯдакон, доктори илми тиб (1982), проф. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1956). Ординатори клиникии кафедраи бемориҳои кӯдакони факултаи муолиҷавии ДДТТ (1956 – 58), мудири шӯъбаи Беморхонаи клиникии кӯдакони № 2 (1959), сардухтури ошхонаи …

Муфассал »

КОВТУНОВИЧ Гавриил Парфентович

nophoto

КОВТУНОВИЧ Гавриил Парфентович (18. 12. 1892, ш. Кислевка, Украина – 1978, ш. Лвов), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1936), проф. (1940). Фориғуттаҳсили Донишкадаи тиббии ш. Киев (1922). Дар беморхонаҳои ш.-ҳои Минск ва Курск ба ҳайси духтур кор кардааст. Ассистент, дотсент ва мудири кафедраи ҷарроҳии Донишкадаи тиббии ш. Ленинград (1930 – 40). …

Муфассал »

КОДЕИН

kodein

КОДЕИН (Codeinum), як навъ дору. Асосан барои рафъи сурфа кор мефармоянд. Ба кӯдакони то 2-сола таъин карда намешавад. Дар шакли хока ва қурс истеҳсол мекунанд. Ба таркиби қурси муштараки «Кодтерпин», ки аз кодеин (0,015 г), гидрокарбонати натрий (0,25 г) ва терпингидрат (0,25 г) иборат аст, дохил мешавад. Дар таркиби қурсҳои …

Муфассал »